Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даромадгоҳи бино маросими истиқболгирии меҳмони олиқадр ва аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо баргузор шуда, пас аз боздиди толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олӣ таманниёти худро сабт намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.
Дар оғози мулоқот, нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва робитаҳои байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Туркияро робитаҳои муштараки фарҳангиву таърихӣ бо ҳам мепайванданд.
Робитаҳои пайваста ва дӯстии самимонаи сарони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган омили муҳимми таҳкими муносибатҳои судманди дуҷониба мебошанд.
Ба тавсеаи ҳамкориҳои созанда миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Имрӯз беш аз 80 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳо заминаи ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак муайян намудаанд.
Равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.


Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятноки саноату истеҳсолот, аз қабили саноати нассоҷӣ ва коркарди алюминий, фарматсевтӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ зарур шумориданд.
Инчунин, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли шарбатҳои табиӣ, намаки ошӣ, хушконидани маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи фанновариҳои нави соҳа аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.
Зикр гардид, ки анъанаҳои муштараки фарҳангиву маънавӣ барои тавсеа ва такмили ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.
Маснавии Маънавӣ ва дигар осори арзишманди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҷойгоҳи муҳим дар тамаддуни ҷаҳонӣ доранд, барои мардумони кишварҳои мо аҳамияти калони таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дошта, заминаи муҳими таҳкими робитаҳои фарҳангӣ маҳсуб меёбанд.
Зимни музокирот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ карданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид






