«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик» (Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо ва Америка) китоби номзади илмҳои таърих Фирдавс Шарифзода нашр гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин китоб дар нашриёти «ЭР-Граф» зери назари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо забони тоҷикӣ ба нашр расидааст.
Дар китоб масъалаҳои робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон бо давлатҳои Аврупо ва Амрико, ташаккул ва рушду таҳкими муносибатҳои созандаи мамлакат бо давлатҳои ин қитъаҳои ҷаҳон дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ баррасӣ карда шудаанд.
Муаллиф дар китоб муҳтаво, хислат ва ҷузъиёти муколамаи сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, байнимардумӣ, илмию маърифатӣ, фарҳангии давоми ин солҳо бо олами Ғарб тақвиятёфтаи Тоҷикистонро, пеш аз ҳама, тавассути инъикоси нақши беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлил кардааст. Дар китоб нақши фаъоли мактаби озмудаи дипломатияи тоҷик ва дигар мақомоти давлатӣ низ дар ин раванд мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Маълумот аз сарчашмаҳои гуногун гирдоварӣ шуда, барои истифодаи донишҷӯён, сиёсатшиносону таърихнигорон, олимони ҷавон ва сиёсатмадорону дипломатҳо пешниҳод гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд






