ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
13 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд.
***
13 декабри соли 2019 дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
***
13 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд. Номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 24-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 30 федератсияи варзишии аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона пазируфта шуд.
13 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи сармуҳаррир
***
Дар Малта – Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Амрико – Рӯзи аспҳо
***
Дар Русия- Рӯзи хирс
РӮЙДОДҲО:
13 декабри соли 2001 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон санади «Аввалин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон» оид ба ҳамкорӣ байни Ҳиндустону Тоҷикистон дар самтҳои савдо, энергетика ва илму техника ба имзо расид.
***
13 декабри соли 1982 бар асари заминларза дар Яман зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
13 декабри соли 1642 Зеландияи Нав кашф карда шуд
***
13 декабри соли 1981 дар Полша вазъияти ҳарбӣ эълон карда шуда, 22 июли соли 1983 бекор гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст






