ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 13, 2025 08:00

13 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

13 декабри соли 2019 дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

***

13 декабри соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд. Номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 24-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 30 федератсияи варзишии аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона пазируфта шуд.

13 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи сармуҳаррир

***

Дар Малта – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Амрико – Рӯзи аспҳо

***

Дар Русия- Рӯзи хирс

РӮЙДОДҲО:

13 декабри соли 2001 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон санади  «Аввалин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон» оид ба ҳамкорӣ байни Ҳиндустону Тоҷикистон дар самтҳои савдо, энергетика ва илму техника ба имзо расид.

***

13 декабри соли 1982 бар асари заминларза дар Яман зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

13 декабри соли 1642 Зеландияи Нав кашф карда шуд

***

13 декабри соли 1981 дар Полша вазъияти ҳарбӣ эълон карда шуда, 22 июли соли 1983 бекор гардид.

Декабрь 13, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст