ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, сешанбе, 350-умин рӯзи соли 2025 аст
16 декабри соли 2009 дар шаҳри Копенгагени Дания Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим суханронӣ намуданд.
***
16 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев оид ба масоили баргузор намудани Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳияи Стратегияи Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2025 суҳбат намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
16 ДЕКАБР:
Рӯзи фатҳи қуллаҳо
***
Дар Баҳрайн — Иди миллӣ
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият
***
Дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба
РӮЙДОДҲО:
Соли 1960 шаҳри Норак таъсис дода шуд.
***
16 декабри соли 2009 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА ҷадвали ҷойгиршавии дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол барои соли 2009 муайян кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ин ҷадвал дар байни 207 давлати ҷаҳон ҷои 165-умро ишғол намуд.
***
16 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе 2-юмин ҷаласаи навбатии байниташкилотии Гурӯҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнибуҷавии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1966 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷорӣ намудани якчанд таҳримро бар зидди Родезия (Зимбабвеи муосир) ба тасвиб расонид.
***
Соли 1970 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналхалқӣ декларатсия қабул намуд.
***
Соли 1972 дар Иттиҳоди Шуравӣ нишони «Дӯстии халқҳо» таъсис дода шуд.
***
Соли 1899 клуби футболи «Милан» таъсис ёфт.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст






