ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 22, 2025 08:00

22 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» машварати корӣ доир намуданд.

***

22 декабри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии ҳарсола ба Парлумони мамлакат муроҷиат намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

 22 декабри соли 2022 мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, бо камоли мамнуният Шумо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо табрик мегӯям».

***

22 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои пойтахт бинои зебою замонавии Маркази хизматрасонии «Дунёи ош»-ро мавриди истифода қарор доданд.

22 ДЕКАБР:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи энергетика

***

Дар Мексика — Рӯзи мотами миллӣ

***

Дар Индонезия — Рӯзи модар

***

Дар Ҳиндустон — Рӯзи математика.

РӮЙДОДҲО:

22 декабри соли 2010  дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Конвенсияи  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Конфедератсияи  Швейтсария  оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата  нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя тасдиқ гардид.

***

22 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарон ва соҳибкорони ду мамлакат Форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.

***

22 декабри соли 2014 вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро муҳокима намуданд.

***

Соли 1857 дар Русия нахустин маротиба марка барои мактубҳо ба фурӯш бароварда шуд.

***

Соли 2009 Сербия барои ворид шудан ба Иттиҳоди Урупо ариза пешниҳод намуд.

***

22 декабри соли 1917 ворид кардани нӯшокиҳои спиртдор ба Канада манъ карда шуд.

***

Соли 1990 аввалин ҳизби мухолифи Туркманистон  — Ҳизби демократӣ  таъсис дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Чиллахон Холов-соли (1957-2023) -Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ниёзмаҳмад Мусоев (1952-2021) – актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Декабрь 22, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, сешанбе, 350-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст