ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
4 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои ҷамъятии Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи вазъи энергетикии мамлакат баён карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар намуданд.
***
4 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ намуданд.
***
4 декабри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо яке аз шаҳрҳои зеботарин ва қадимтарини дунё – Самарқанд шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд.
***
4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
4 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии бонкҳо.
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
***
Дар Русия – Рӯзи информатика.
РӮЙДОДҲО:
4 декабри соли 2009 дар шаҳри Картахени Колумбия Тоҷикистон ба Эъломияи Картахен барои соли 2009 таҳти унвони «Масъулияти давлатҳо барои тоза кардани ҷаҳон аз мина» имзо намуд.
***
4 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи ҳисоботи аввалини баҳодиҳии омӯзиши Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе мушкилоти астрофизикаи муосирро дар сатҳи байналхалқӣ муҳокима намуданд.
***
4 декабри соли 1948 Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарқи Наздик таъсис дода шуд.
***
4 декабри соли 1961 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Конгресси байналмилалии иттифоқҳои касаба баргузор гардид.
***
4 декабри соли 1982 Конститутсияи Чин қабул карда шуд.
***
Соли 1791 дар Англия аввалин шумораи рӯзномаи «Мушоҳид» нашр шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон куҳантарин рӯзномаи рӯзи якшанбе мебошад.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ (маъруф ба Абулқосим Лоҳутӣ) -соли 1887— шоири шаҳири Эрон ва Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст






