Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 17, 2025 18:29

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.

Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон бо ин, боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллии аҳолӣ бар пояи таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ маҳсуб меёбад.

Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басо муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистони куҳанбунёд, вале тозаистиқлоли мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ сарҷамъона фаъолият намуда, корҳои бузурги ободониву созандагиро ба анҷом расонида истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз беш аз 26 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо бо саҳми соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд гардидааст.

Инчунин, мо бояд дар заминаи шинохти амиқтари таъриху фарҳанги бостонии худ ва пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгони давлатсозу тамаддунофари хеш ба истиқболи ин ҷашни муқаддас корҳои ободониву созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ, ки худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият мебахшанд, доир намоем.

Дар ин раванд, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, ба таъмиру тармим, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро, аз марказҳо то дурдасттарин деҳот, фаро гирифта, ба як амали ҳамешагӣ ва фарҳанги умумимиллӣ табдил ёбад.

Яъне, ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас дар роҳи пешрафти давлат ва ободии Ватани азизи худ саҳми шоиста гузошта, бо анҷоми амалҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ ва рафтори шоиста фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва асолати миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тақвияти ҳисси худогоҳиву худшиносии ҳар як сокини кишвар вазифаи муҳимми рӯз ба ҳисоб рафта, татбиқи корҳои амалии назаррасро тақозо менамояд.

Ҳадафи ниҳоии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, инчунин, ошноии бештар пайдо кардан бо таърихи пурғановати миллӣ, фарҳанги бостонии оламшумул ва худшиносу худогоҳ будан маҳсуб меёбад.

Декабрь 17, 2025 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд