26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ Рӯзи байналмилалии энергияи тоза маҳсуб мешавад. Ин сана бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамияти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор таҷлил мегардад.
Тоҷикистон-давлати пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза эътироф гардидааст. Дар айни замон тақрибан 98 фоизи неруи барқи мамлакат аз ҳисоби манбаъҳои обӣ истеҳсол мегардад. Ин нишондиҳанда далели равшани сиёсати дурандешона ва иқдоми наҷибу пайгиронаи давлат дар самти рушди энергетикаи устувор мебошад.
Татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз»
Татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат марҳилаи сифатан навро таъмин менамояд. Стратегияи мазкур ба истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардидааст.
Дар доираи ин санади муҳими стратегӣ дар оянда имконият фароҳам меояд, ки неруи барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол шуда, Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун давлати дорои иқтисоди «сабз» дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшад. Энергияи «сабз» яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир буда, барои ҳифзи муҳити зист аз газҳои гулхонаӣ ҳамчун беҳтарин восита пешбинӣ шудааст. Истифодаи панелҳои офтобӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва бодӣ дар мамлакатҳои рушдёфта зиёд ба назар мерасад. Сарчашмаҳои маъмулӣ бо ба даст овардани энергия, аз қабили нафт, газ ва дигар маъданҳо тадриҷан аҳамияти худро аз даст медиҳанд.
Неругоҳҳои барқи обӣ-манбаи асосии истеҳсоли энергияи «сабз»
Ба андешаи коршиносон, неругоҳҳои барқи обӣ яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли энергияи «сабз» мебошад. Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ ва неруи таҷдидшаванда дар дунё дар ҷойи 8-ум қарор дорад. Инчунин аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз лиҳози экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол менамояд.
Дар самти татбиқи лоиҳаҳои «сабз», хусусан барои таҳияи барномаю лоиҳаҳои мақсадноки рушди иқтисоди «сабз» Тоҷикистон метавонад ба яке аз мамлакатҳои пешрафта табдил ёбад, зеро мамлакати мо имконияти амалӣ намудани рушди иқтисоди «сабз» ва энергияи «сабз»-ро дошта, метавонад дар минтақа яке аз пешсафон бошад.
Ду баробар афзоиш додани истеҳсоли энергияи тоза
Соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ин асос ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, таҳияи заминаи ҳуқуқию институтсионалӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя беш аз пеш густариш меёбад.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқтидори истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаро ояндаи наздик ҳамчун манбаи асосии пешбурди иқтисоди «сабз» ду баробар афзоиш диҳад. Истифодаи самараноки ин иқтидор сармоягузории бештар ва ҷорӣ намудани технологияҳои навро тақозо менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд






