Ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид

Январь 28, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Таъкид шуд, ки Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ва рушди ҳамкориро дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё муҳим мешуморад.

«Имрӯз, дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногун ба арзишҳои умумибашарӣ рӯ ба рӯ мебошад, гуфтугӯи созанда байни фарҳангҳо ва тамаддунҳо беш аз ҳар вақти дигар мубрам аст. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки маҳз тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ халқҳои Осиё тавонистаанд сулҳ, ҳамкорӣ ва пешрафтро таъмин намоянд. Парламентҳои кишварҳои Осиё метавонанд заминаҳои устувори таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоиштаро фароҳам оваранд», — гуфт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Иброз гардид, ки паҳншавии идеяҳои ифротгароёна, суиистифода аз эътиқоди динӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ, кофӣ набудани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ва таъсири манфии баъзе равандҳои иттилоотӣ метавонанд монеаи рушди муколамаи созанда гарданд. Бинобар ин, Шермуҳаммад Шоҳиён афзуд, ки барои бартарафсозии онҳо бояд самтҳои зеринро амалӣ намуд:

Нахуст, тақвияти нақши қонунгузорӣ дар пешгирии ифротгароӣ, таблиғи фарҳанги сулҳ ва эҳтироми гуногунандешӣ. Қонунҳо бояд на танҳо барои муҷозот истифода шаванд, балки хусусияти тарбиявӣ ва пешгирикунанда дошта бошанд.

Дуюм, бо густариши ҳамкории байнипарламентӣ дар доираи платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Ассамблеяи парламентии Осиё метавонад ба минбари доимии табодули афкор ва ташаббусҳо дар соҳаи гуфтугӯи тамаддунҳо табдил ёбад.

Сеюм, ҷалби ҷавонон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ ба ин раванд. Бе иштироки фаъоли насли ҷавон гуфтугӯи байнифарҳангӣ наметавонад устувор ва дарозмуддат бошад.

Чорум, истифодаи технологияҳои рақамӣ барои густариши муколамаи фарҳангӣ. Технологияи рақамӣ метавонад ба василаи муассири наздиксозии мардум, хусусан ҷавонон табдил ёбад.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон пайваста масъалаҳои марбут ба сулҳ, амният ва рушди устуворро дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои байналмилалӣ матраҳ менамояд ва омода аст ҳамкориро бо Ассамблеяи парламентии Осиё ва парламентҳои кишварҳои аъзо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн густариши бештар диҳад.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои иҷлосияи 16‑уми умумии Ассамблеяи парламентии Осиё ба таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ, пешбурди сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор дар қитъаи Осиё ва ҷаҳон мусоидат мекунанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 28, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ