Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Австрия ба нақша гирифтааст, ки то тирамоҳи соли 2026 дастрасии нафарони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд. Дар ин хусус котиби давлатии Мақомоти канслери федералии ҷумҳурӣ Александер Прелл хабар дод, иттилоъ медиҳад ТАСС.
«Ҳадафи мо ин аст, ки то оғози соли нави таҳсил дар самти таъмини иҷро қадамҳои мушаххас гузошта шаванд. Қадами аввал, ба назари ман, ташкили гурӯҳи коршиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ хоҳад буд. Қадами дуюм, ки мо аллакай дар замина кор мебарем — татбиқи чораҳои мушаххас ва ҷузъиёти техникӣ аст», — гуфт ӯ дар суҳбат бо радиои Ö1.
Тавре Прелл иброз намуд, ҳукумати Австрия аз ҷиҳати техникӣ намунаи Австралияро баррасӣ мекунад, ки дар он ҷо масъулияти риояи чизҳои манъшуда ба зиммаи платформаҳо гузошта шудааст.
Австралия 10 декабр аввалин давлате дар ҷаҳон шуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-соларо манъ кард. Қонун платформаҳои бузургро вазифадор мекунад, ки корбарони то 16-соларо масдуд кунанд. Ширкатҳое, ки талаботро риоя намекунанд, то 50 миллион доллари австралиягӣ (тақрибан 33 миллион доллар) ҷарима карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 27 январ Маҷлиси миллии Фаронса тарҳи қонунеро дар бораи манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби нафарони то 15-сола дар қироати аввал ба тасвиб расонид.
АКС аз бойгонӣ








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






