Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд

Январь 28, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи корӣ, ки бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст, доир ба самтҳои афзалиятноки ин санади муҳим сухан намуданд.

Нотиқон аз дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар соли 2025 ёдовар шуда,  ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои марзӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, қабул гардидани якчанд қатъномаи муҳими байналмилалӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2027, инчунин нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2025 шарҳу тавзеҳ доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 28, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон