Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли шашум аст, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба тасвиб мерасад. Тибқи ин Амр, Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаю технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.
Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2025 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони мамлакат таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ зиёд шудааст. Ин барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ заминаи мусоид мегардад.
Дар асоси банди 3-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати вазорату идораҳои масъули баргузории озмун Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамроҳ шудааст.
Тибқи банди 5-и Амр, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои даври чорум 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2025 650 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Ба боби 1 як банди дигар (банди 4) илова шудааст, ки ба гурӯҳҳо ҷудо намудани довталабонро муайян мекунад ва бо мазмуни зерин оварда шудааст:
1) гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна умумӣ ва ибтидоии касбӣ;
2) гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ);
3) гурӯҳи сеюм – донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ба истиснои магистрантон, таҳсили ғоибона ва маълумоти дуюм);
4) гурӯҳи чорум – магистрантон, ходимони илмӣ, (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳама зинаҳои таҳсилот (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва намояндагони дигари гуногункасб метавонанд танҳо дар ду номинатсия: зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок намоянд.
Тағйироти дигар дар сархати 3-юми банди 10 низ мавҷуд аст, ки чунин аст: «муайян намудани ҷойи баргузории даври сеюм ва чоруми озмун» ба ваколатҳои комиссияи озмун вогузор шудааст.
Тағйироти хеле ҷиддӣ дар сархати чоруми банди 11-и Низомнома ворид шудааст, ки чунин аст: «даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми озмун нимаи дуюми моҳи октябр дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин давр аз ду қисм иборат буда, қисми аввал тавассути Маркази миллии тестӣ ва қисми дуюм аз ҷониби аъзои ҳакамон баргузор карда мешавад. Довталабоне, ки аз рӯйи саволномаҳои Маркази миллии тестӣ аз 50 дарсад камтар холҳоро ба даст меоранд, дар қисми дуюм иштирок карда наметавонанд».
Ба банди 22 як сатр илова карда шудааст: «Бақайдгирии ғолибони даврҳои дуюм ва сеюми озмунро сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар Портали электронии таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илм (вобаста ба оғози ҳар даври озмун) таъмин менамоянд».
Ба банди 27, сархатҳои 2, 3, 4 ва 6 тағйир ворид карда шудааст, ки чунин мебошад:
— дар физика ва астрономия 40 дарсад назариявӣ ва 60 дарсад амалӣ-озмоишӣ (бо таносуби 80 дарсад физика ва 20 дарсад астрономия);
— дар химия 30 дарсад назариявӣ, 50 дарсад хаттӣ-амалӣ ва 20 дарсад озмоишӣ;
— дар биология 40 дарсад назариявӣ, 40 дарсад амалӣ ва 20 дарсад озмоишӣ;
— дар география 50 дарсад назариявӣ ва 50 дарсад амалӣ;
— дар технологияи информатсионӣ 30 дарсад назариявӣ ва 70 дарсад амалӣ.
Ба банди 28, сархати нав илова кардаанд, ки чунин аст:
— дар тамоми номинатсияҳои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм тибқи ҷадвали зерин дода мешаванд:
аз 75 то 100 хол- ҷойи якум;
аз 60 то 75 хол- ҷойи дуюм;
аз 50 то 60 хол- ҷойи сеюм.
Сархати 8-уми ҳамин банд чунин шудааст: «дар сурати аз 75 дарсад кам ба даст овардани холҳо дар номинатсия ҷойи якум дода намешавад».
Ба банди 36 низ тағйирот ворид гардидааст, ки чунин аст: «Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе роҳ дода мешавад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст».
Тибқи банди 41, ба ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоиза, инчунин ҳайати ҳакамон ва мутахассисон тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад. Сметаи хароҷоти маблағҳои иловагии пешбинигардида бо комиссияи озмун мувофиқа карда мешавад».
Ҳамзамон банди дигаре ворид карда шудааст, ки тибқи он «хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад».
Ба банди 48 низ тағйирот ворид шудааст, ки чунин аст: «Иштирокдорони даври чоруми озмун давоми се сол ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокдорони даври чоруми озмунро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд».
Ба қисми сеюми банди Хароҷоти иловагӣ ба истиснои «Омода кардани ҷомҳои Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва «Диплом»-и ғолибони озмун», ҳамзамон «ҳавасмандгардонии ҳайати ҳакамон, масъулони баргузорӣ, барандагони ҷойҳои ифтихорӣ» низ ворид карда шудааст.
Эркин ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг моҳҳои январ-феврал аст
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
Воқеияти Тоҷикистон: меъмории марҳилаи нав ва стратегияи рушди миллӣ
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд






