БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Соли 2026 дар Хатлон 600 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар дар вилояти Хатлон соли 2026 — 600 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан ва ҳамешасабз шинонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар шоҳроҳи Бохтар-Левакант маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, беш аз 1000 бех ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуд.
Зимни ниҳолшинонӣ таъкид гардид, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонида бояд зери назорати ҷиддӣ қарор гирад, то дарахтон ба таври дуруст нашъунамо ёбанд.
Аҳамияти шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар он аст, ки онҳо тамоми фасли сол сабз монда, ҳаворо тоза мекунанд. Яъне баргҳои онҳо давоми сол оксигенро ҷаббида, карбонатро партоб медиҳанд ва ҳавои тозаро таъмин мекунанд. Инчунин решаҳои онҳо хокро мустаҳкам нигоҳ дошта, пеши шусташавӣ ва афтиши хокро мегиранд, ки ин барои минтақаҳои кӯҳӣ муҳим аст.
Ниҳолшинонӣ амали нек ба шумор рафта, ба мо аз гузаштагон мерос мондааст. Дар вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум барои хурраму сердарахт гардонидани талу теппаҳо дар он фаъолона иштирок мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






