Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид

Январь 3, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, зимни он натиҷаҳои ҳамкории  Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар соли 2025  ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар соли 2026 баррасӣ гардид.

Тамаркузи асосӣ ба татбиқи амалии мувофиқатҳое, ки зимни вохӯриҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Чин ба даст омадаанд, инчунин натиҷаҳои ҷаласаи нахустини Муколамаи стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (22 ноябри соли 2025 дар ш. Душанбе) карда шуд.

Тарафҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Тоҷикистон пуштибонии қотеъи хешро аз принсипи «Чини ягона», истиқлолият ва тамомияти арзии он изҳор намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид