Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни он натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар соли 2025 ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар соли 2026 баррасӣ гардид.
Тамаркузи асосӣ ба татбиқи амалии мувофиқатҳое, ки зимни вохӯриҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Чин ба даст омадаанд, инчунин натиҷаҳои ҷаласаи нахустини Муколамаи стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (22 ноябри соли 2025 дар ш. Душанбе) карда шуд.
Тарафҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Тоҷикистон пуштибонии қотеъи хешро аз принсипи «Чини ягона», истиқлолият ва тамомияти арзии он изҳор намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






