Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузъи фарҳанги маънавии халқи тоҷик давоми қарнҳо дар муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст. Ин матлаб зимни баргузории ҷашни Сада дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баён гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷашни Сада бо риояи анъанаю русуми аҷдодӣ ва намоиши техникаи кишоварзӣ, ниҳолҳои ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан, тухмии сабзавоту полезиҳо, асбобу анҷоми соҳаи токпарварӣ доир гардид. Дар ин рӯз аз ҷониби сокинон таомҳои миллӣ, тухмии ғалладонагӣ ва хӯшаҳо, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, хушкмева ва тухмии зироати кишоварзӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва шириниҳои миллӣ пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки Сада дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошу иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Тавре пажӯҳишгарон иброз медоранд, имрӯз низ Сада барои мо аҳамияти бузург дорад. Он моро бо решаҳои таърихиямон мепайвандад, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро тақвият мебахшад ва ба наслҳои ҷавон мефаҳмонад, ки фарҳанги мо бар пояи ақл, сабр ва созандагӣ бунёд ёфтааст.
Сада моро ба эҳтиром ба табиат, истифодаи оқилонаи неъматҳо ва зиндагӣ дар сулҳу осоиштагӣ даъват менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад






