Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Сада бо намоиши дастовардҳои олимону муҳаққиқони самти илмҳои кишоварзӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин академия.
Дар намоиш намунаҳои дастовардҳои илмӣ, навовариҳо, зироати кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз, тухмиҳои селексионӣ ва маҳсулоти илмӣ-таҳқиқотӣ муаррифӣ гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва олимону муҳаққиқон аз гӯшаҳои намоишгоҳ бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои нав ва самтҳои афзалиятноки рушди илмҳои кишоварзӣ шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки таҷлили ҷашни Сада ҳамчун ҷашни меҳнату кишоварзӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон нақши муҳим дорад.
Олимону муҳаққиқони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании академия навъи картошкаи батат — «Сомон» ва дигар навъҳои селексионии ба шароити иқлимии ҷумҳурӣ мутобиқшударо парвариш ва пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби онҳо як навъи қаҳваи маҳаллӣ муаррифӣ гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Масъалаҳои мубрами таҳқиқи мактабҳои фалсафии машшоияи шарқӣ ва ғарбӣ баррасӣ гардид
Масъалаи омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Борбади Марвазӣ баррасӣ гардид
Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии Тоҷикистон 305 маҳфили фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёз амал менамоянд
Доир ба нақши занон дар рушди илмҳои глятсиология ва криосфера конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бо роҳпаймоии идона таҷлил намуданд
Байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Парчам танҳо нишонаи зоҳирии давлат набуда, балки таҷассумгари нангу номус, шараф ва ормонҳои миллӣ мебошад
Илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои обу энергия нақши бунёдӣ доранд
Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ниҳоди президентӣ ва рушди давлатдории миллӣ конференсия доир шуд
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад






