ДАРАХТ БИНШОН! Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва бо мақсади иҷрои бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар ниҳолхонаи хоҷагӣ зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар ҷараёни ниҳолшинонӣ таъкид карда шуд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонида бояд зери назорати ҷиддӣ қарор гирад, то дарахтон ба таври дуруст нашъунамо ёбанд.
Аҳамияти шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар он аст, ки онҳо тамоми фасли сол сабз монда, ҳаворо тоза мекунанд. Яъне баргҳои онҳо давоми сол оксигенро ҷаббида, карбонат партоб медиҳанд ва ҳавои тозаро таъмин мекунанд. Инчунин решаҳои онҳо хокро мустаҳкам нигоҳ дошта, пеши шусташавӣ ва афтиши хокро мегиранд, ки ин барои минтақаҳои кӯҳӣ муҳим аст.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли равон то моҳи март дар мамлакат ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст. Соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Тибқи он дар марҳилаи якум (солҳои 2025-2027) дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






