ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Зафаробод 20 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Зафаробод қариб 20 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад.
Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ, ки 10 январ дар ноҳия оғоз гардид, масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои ободониву сабзазоркуниро тақвият бахшанд.
Сокинони ноҳия барои сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист тасмим гирифтаанд, ки дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободонию хуррамгардонии диёр саҳми арзанда гузоранд.
Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон то моҳи март дар мамлакат ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидаааст. Соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Тибқи он дар марҳилаи якум (солҳои 2025-2027) дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод








ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






