ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди «Боғи Ғалаба» зиёда аз 1000 бех ниҳол шинониданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди «Боғи Ғалаба»-и пойтахт аксияи ниҳолшинонии маорифчиёни ноҳия доир гардид. Дар ин маърака зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, тадбири мазкур минбаъд низ идома дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар доданд.
Созмондиҳандагони чорабинӣ иброз доштанд, ки ин иқдом бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», дар доираи ҳидояту раҳнамоиҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ гардид.
«Бо эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бояд ҳар як сокини ноҳия дар ободониву сабзкорӣ саҳми арзанда гузорад. Ҳар як сокини мамлакат барои беҳтар гардондани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани зебоии як гӯшаи Ватан бояд талош намояд», — таъкид намуданд онҳо.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Тибқи он дар марҳилаи якум (солҳои 2025-2027) дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.
Барнома дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2023 баён гардида буд, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
АКС: Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур








Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд






