Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта мешавад. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаашонро, ки хоси он минтақа аст,пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Дар ин ҷашнгоҳ инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, техникаҳои соҳавӣ, техникаҳои кории кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузошта мешаванд.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд ба ин ҷашнгоҳ омада, маҳсулоти пешниҳодгардида ва гулу буттаҳои ороишию ниҳолҳоро харидорӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада






