Истифодаи нуриҳои маъданӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд

Январь 25, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташаккули бофтаи растанӣ ва афзоиш дар инкишофи растаниҳо зиёда аз 60 унсури химиявӣ иштирок мекунад. Растаниҳо карбон, гидроген ва оксигенро аз об ва ҳаво дар натиҷаи реаксияҳои фотосинтез азхуд менамоянд. Боқимондаи элементҳоро онҳо аз махлулҳои хок мегиранд, ки дар натиҷа миқдори элементҳо дар хок кам мешавад. Аз ҳама аҳамияти калон барои ҳаёту фаъолияти растаниҳо ин нитроген, фосфор ва калий мебошанд, ки маводи ғизоии микроэлементҳо номида мешаванд. Ҳар яке аз ин элемент дар ҳаёти наботот, ҳайвонот ва одамон муҳимияти хос дорад. Чунин  иброз намуд ба АМИТ «Ховар» профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шонаврӯз Самиҳзода.

Ба таъкиди олимони соҳаи кишоварзӣ, ворид намудани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ба хок аз рӯи меъёр вобаста ба намуди зироат бояд илман асоснок, яъне дар асоси талаботи растанӣ ва таъминнокии хок бо моддаҳои ғизоӣ муайян карда шавад. Аз ин лиҳоз, гузаронидани ташхиси хок бобати муайян намудани ҳосилхезии он барои истифодабарандагони замин муҳим ва зарурӣ мебошад.

Таҷрибаи хоҷагидорон ва мушоҳидаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки на дар ҳама хоҷагиҳо истифодаи нуриҳои фосфорӣ бо сабаби гаронарзиш будан ба таври васеъ амалӣ гардидааст. Дар ин маврид истифодаи поруи мурғ ва хокистар айни муддао аст. Олимон тавсия медиҳанд, ки хокистар дар таркибаш бештар фосфор, калий ва дигар унсурҳои ғизоӣ дорад. Ҳангоми дар як сол рӯёнидани 3 ҳосил яке аз зироат бояд аз оилаи лӯбиёдонагиҳо интихоб ва кишт карда шавад.

Дар фасли тирамоҳ асосан зироати ғалладонагӣ кишт карда мешавад. Хусусан гандуми тирамоҳӣ ба нуриҳои минералӣ талаботи зиёд дорад. Меъёри солонаи нуриҳо барои гандуми тирамоҳӣ: нитрогенӣ-  250-300 кг, фосфорӣ- 110-150 кг, калийдор- 60-80 кг муқаррар карда шудааст. Талаботи гандуми тирамоҳӣ ба фосфор аз давраи нешзанӣ то сарак бастани зироат дида мешавад. Калий аз хок аз рӯзҳои аввали инкишофи растанӣ то давраи гулкунӣ ворид мегардад, лекин истифодаи зиёди он дар давраи найчакашӣ ва хӯшабандии растанӣ мушоҳида мешавад.

Миқдори солонаи нуриҳои фосфорӣ ва калийдорро пеш аз шудгори тирамоҳӣ ворид менамоянд, чунки ин намуди нуриҳо аз як шакл ба шакли дигар намегузаранд ва шуста намешаванд. Нуриҳои нитрогениро пеш аз шудгор истифода намебаранд, чунки ин нуриҳо шусташаванда мебошанд. Дар нашъунамои гандуми тирамоҳӣ ду давраи барзиёд истифода бурдани нитроген мавҷуд аст: дар аввали инкишоф ва дар вақти ширагирии дон.

Ба таъкиди олимони соҳаи кишоварзӣ, гандуми тирамоҳӣ баъд аз давраи зимистонгузаронӣ ба нуриҳои нитрогенӣ ниёз дорад. Норасоии  нитроген дар давраи аввал ба пастшавии ҳосил, дар  давраи дуюм ба паст шудани сифати ғалладона, хусусан кам шудани миқдори сафеда оварда мерасонад. Бинобар ин, 20 фоизи меъёри солонаи нитроген ҳангоми кишт ва боқимондаи он (80 фоиз) ҳамчун ғизои якум ва дуюм ба растанӣ дода мешавад.

Мутахассисон иброз медоранд, ки ҳангоми ворид намудани нуриҳои минералӣ ба ғалладонагиҳо намнокии хок бояд ба инобат гирифта шавад. Дар ин ҳолат самаранокии нуриҳо зиёд мегардад.

Шонаврӯз Самиҳзода афзуд, ки сол то сол дар соҳаи кишоварзӣ миқдори зиёди нурии минералӣ талаб карда мешаванд, махсусан нурии фосфордор, ки ба ҷумҳурӣ аз садҳо километр дуриҳо оварда мешавад. Дар мамлакат якчанд кони фосфордор мавҷуд аст, ки дар натиҷаи омӯзиши муфассал ва тарзи коркарди фоиданокӣ мумкин аст коркарди ашёи базаи таъминоти хоҷагии кишоварзӣ бо нурии минералии арзон таъмин шуда, ба хориҷи мамлакат низ содирот гардад.

Бинобар ин хоҷагидорону истифодабарандагони заминро зарур аст, ки қонуни асосии зироаткорӣ – баргардонидани моддаҳои ғизоии хокро, ки бо ҳосил аз замин бароварда мешаванд, риоя намуда, бо роҳи мунтазам истифода бурдани нуриҳо талафоти онро ҷуброн намоянд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Январь 25, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд