ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли зимистон барои инсонҳо истеъмоли барги пиёзи наврустаи «тару тоза» нисбат ба пиёзи пухтарасида хусусияти шифобахшии бештар дорад. Ҳар сокини мамлакат метавонад дар муҳити хона оилаи худро бо ин сабзавоти фоидабахш таъмин намояд. Чунин иброз намуданд олимони соҳаи кишоварзӣ.
Ба таъкиди олимон, кишоварзон дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра: аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон кишт мекунанд. Сокинон метавонанд дар шароити хона, яъне дар замини наздиҳавлигӣ ва дар ошёнаҳои баланд дар қуттиҳои махсуси хокдор пиёзро тавассути тухмӣ ва ё дар решаи пиёзи бехӣ павариш намоянд. Аз ҷумла, занон дар вақти истифодаи бехпиёз решаи онро ҳамчун партов напартофта, метавонанд дар қуттиҳои махсус шинонида, бо намӣ таъмин созанд, ки дар натиҷа он месабзад. Яъне, бо ин кор мо метавонем пайваста бо барги наврустаи пиёз таъмин бошем.
Барги наврустаи пиёз нозук буда, қобилияти нигоҳдорияш ду-се рӯз аст. Аз ин рӯ ба кадбонувон тавсия дода мешавад, ки онро дар зарфи обдор дар ҳарорати муътадил нигоҳ доранд. Инчунин метавонанд онро дар зарфҳои хушк ва ҳавоногузар дар яхдон захира ва истифода намоянд.
Ба тавсияи олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат, пиёзи бехӣ зироати сабзавотии сармобардор буда, тухмии он дар ҳарорати 3+5 дараҷа гармӣ аз замин неш зада мебарояд. Дар давраи нешзанӣ ва сабзиши тухмӣ пиёз ба намии хок серталаб аст. Бинобар ин ҳангоми сабзиши тухмии пиёз намнокии замин бояд 80-90 фоиз бошад.
Дар таркиби барги пиёзи навруста витаминҳои зиёд мавҷуд аст, аз ҷумла витаминҳои гурӯҳи В,А,С ва калий, магний, фосфор. Витамини А барои беҳтар шудани биноии чашм, витамини С барои пешгирии шамолхӯрӣ ва бартараф намудани он ва витамини В ва магний барои фаъолияти муътадили системаи асаб муфиданд. Дар таркиби он полифенолҳо мавҷуд буда, ба пешгирии бемориҳои дилу рагҳо ва мағзи сару чашми инсон мусоидат мекунанд.
Пиёзи навруста барои саломатии инсон сабзавоти фоиданок буда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷаҳон маъмул мебошад. Қисми зарурии он пояи сафед ва баргҳои сабзи наздики он мебошанд, ки моддаҳои фоидаовар доранд.
Афшураи он мисли антибиотик мебошад. Он барои пешгирии зуком ва бемориҳои сироятӣ ва инчунин беҳтар кардани мубодилаи моддаҳо кумак мерасонад. Инчунин ин гуна пиёз дорои моддаҳои квертсетин ва антотсиан мебошад, ки онҳо иммунитетро пурқувват мекунанд ва таъсири зиддисаратонӣ доранд.
Ба тавсияи табибон, пиёзи навруста барои саломатии устухонҳо низ муфид аст. Дар як барги он 16 фоиз витамини К мавҷуд аст, ки барои мустаҳкамии устухон зарур аст ва аз бемориҳои устухон пешгирӣ мекунад. Ба занони ҳомила хӯрдани пиёзи сабз тавсия дода мешавад, зеро он ба рушди солими асаби кӯдак мусоидат мекунад.
Ҳангоми истеъмоли миқдори зиёди пиёз ҳисси сӯхтанӣ ва нороҳатии меъда ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, беҳтар аст онро бо таомҳо, махсусан бо хӯрокҳои обдор омехта карда, истеъмол кунед.
АКС аз манбаъҳои боз








НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






