ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд

Январь 26, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Абӯалӣ ибни Сино тавсия додааст, ки истеъмоли маҳсулоти ширӣ барои кори узвҳои босира, сомеа, зоиқа, эҳсос, нафаскашӣ, дил, асабу фишори хун ва  сабзиши устухон муфид мебошад. Шир ва маҳсулоти ширӣ манбаи энергия, сафеда ва чарбҳо мебошанд. Зеро дар таркиби шир калсий, магний, (витамини В2, В12 ва В5 фаровон аст. Меъёри истеъмоли шир вобаста ба синну сол, вазн, сатҳи фаъолият ва ниёзҳои организм муайян гардидааст. Чунин иброз намудаанд мутахассисони соҳаи тиб.

Йогурт, панир, қаймоқ ва творог (шири бурида) аз шир ҳосил мешаванд ва барои инсон муфид мебошанд. Ҳар кадоми ин маҳсулот дорои витаминҳо буда, ба организм фоидабахш мебошад.

ШИР. Ин маҳсулотест, ки дар он сафедаҳои баландсифат, калсий, магний, витамини В2, В12 ва В5 фаровон аст. Дар бисёр давлатҳо вобаста ба мавқеи географӣ ва шароити зисти сокинони он меъёри муайяни истеъмоли шир тартиб дода шудааст. Барои кӯдаки 5-сола ҳамарӯза истеъмол кардани 1 истакон (200 милиграмм) шир тавсия дода мешавад. Аз сабаби дар таркибаш кам будани оҳан ва фолат шири говро ба кӯдакони то яксола тавсия намедиҳанд. Додани шири нопухта ба кӯдакон қатъиян манъ буда, дар баъзе ҳолатҳо метавонад боиси хунравӣ шавад. Барои кӯдакони хурдсол истеъмоли шири буз аз шири гов дида беҳтар аст. Зеро он нисбатан осонҳазм буда, дар таркибаш бештар калий дорад.

Ба тавсияи табибон, истеъмоли шир фишори хунро паст намуда, асабро ором месозад. Аз ҳамин хотир табибони асабшинос пеш аз хоб нӯшидани як пиёла ширро тавсия медиҳанд. Аммо истеъмоли он ба баъзеҳо зарар дошта, боиси дамиши шикам мегардад. Инчунин баъзе одамонро ба дарунравӣ гирифтор месозад.

Бо рафтани синну сол ҳазм намудани шир барои ҷисми инсон душвортар мешавад, вале ин чунин маънӣ надорад, ки одамони калонсол бояд тамоман шир нахӯранд. Ҳамааш ба хусусияти хоси ҷисми инсон вобастагӣ дорад.

ҶУРҒОТ. Як навъ маҳсулоти ширӣ мебошад, ки ба тавсияи табибон,  ҷурғоти наву якрӯза баъди хӯрдан зудтар ҳазм шуда, рӯдаву меъдаро нарм мекунад. Истеъмоли ин навъ ҷурғот ҳангоми сахтшавии рӯдаҳо (дисбиоз) тавсия дода мешавад. Аммо бояд донист, ки истифодаи ҷурғоти серӯза дар бадани инсон таъсири дигар дошта, метавонад мувозинати моддаҳоро дар меъдаву рӯдаҳо вайрон кунад. Баъди як ҳафтаи нигоҳдорӣ қисми зиёди витаминҳо дар таркиби ҷурғот гум шуда, меъёри спирт дар он меафзояд, ки дар натиҷа маҳсулот қисми зиёди моддаҳои фоиданокро гум мекунад. Аз ин лиҳоз, аз истифодаи ҷурғоти муҳлати истифодааш тамомшуда даст кашед. Умуман муҳлати нигаҳдории ҷурғот 3 рӯз аст. Дар вақти харид, пеш аз ҳама, ба таркибу равғаннокии он таваҷҷуҳ кунед.

ПАНИР. Он аз шир омода шуда, дар таркибаш протеин ва калсий бештар мавҷуд аст. Панир барои устухонҳо ва мушакҳо муфид буда, ба таркиби он витаминҳо, минералҳо ва аминокислотаҳо дохил мешаванд. Ин маҳсулоти серғизо, камкалория ва аз лактоза кам буда, барои парҳезҳои гуногун, аз ҷумла парҳезҳои камравған ва вегетарианӣ мувофиқ аст.

Таҳқиқоте, ки аз ҷониби муҳаққиқони Чин ва Нидерланд гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки ба ҷуз таъсири ҳаррӯза инчунин таъсири дарозмуддат вуҷуд дорад. Муҳаққиқон давоми 10 сол 200 ҳазор нафарро мушоҳида карда, ба чунин хулоса омаданд: дар онҳое, ки ҳар рӯз қисмҳои хурди панир истеъмол мекунанд, нисбат ба онҳое, ки онро истеъмол намекунанд ё ҳеҷ гоҳ нахӯрдаанд, хатари бемории ишемияи дил ва сактаи қалб камтар аст.

ҚАЙМОҚ. Маҳсулоти парҳезии серравғанест, ки аз шир ҳосил мешавад. Дар таркиби қаймоқ 10—60 фоиз равған мавҷуд аст.  Азбаски қаймоқ дар таркибаш равғани зиёд дорад, маҳсулоти хеле серғизо ҳисоб мешавад. Дар таркиби он ғайр аз равған боз сафеда, карбогидрат,  витаминҳо  ва ғайра мавҷуд мебошанд.

ТВОРОГ. Маҳсулоти хеле муфид буда, аз сафедаи ба осонӣ ҳазмшаванда, витаминҳо (гурӯҳи B, A, D) ва минералҳо бой аст; он барои мустаҳкам кардани устухонҳо, мушакҳо ва дандонҳо, танзими вазн, саломатии дил, системаи асаб ва ҳозима кумак мерасонад. Ин маҳсулот барои варзишгарон, кӯдакон, занон ва пиронсолон муҳим аст, зеро ба афзоиши массаи мушакҳо, коҳиши вазн ва таҳкими иммунитет мусоидат мекунад, аммо бояд дар меъёр истеъмол шавад.

Инчунин калорияи кам ва сафедаи зиёд боиси ҳисси серӣ мегардад, ки барои парҳез ва кам кардани вазн муфид аст. Истеъмоли пайвастаи он ба танзими холестерин ва фишори хун кумак мекунад. Табибон истеъмоли онро барои  кӯдакон ва пиронсолон бештар тавсия медиҳанд, зеро дар ташаккули скелет ва дандонҳо нақши муҳим дорад.  Истеъмоли зиёди он ба гурдаҳо ва ҷигар зарар дорад. Онро дар нимаи рӯз истеъмол намоед, зеро оҳиста ҳазм мешавад ва истеъмоли он шабона метавонад ба хоб халал расонад.

ЙОГУРТ.  Маҳсулоти ширии ферментшудаест, ки барои саломатии ҳозима муҳим аст, зеро он дорои бактерияҳои муфид (пробиотикҳо) мебошад, ки микрофлораи рӯдаро беҳтар мекунанд. Ғизогирии сабук, пур аз протеин, калсий ва витаминҳо буда, баданро бо энергия таъмин менамояд, инчунин ба таҳкими устухонҳо ва системаи масуният ёрӣ мерасонад. Йогурт сарчашмаи хуби сафеда, калсий, витамини B12, рибофлавин ва фосфор мебошад. Барои баҳра бурдан аз фоидаи бештар йогуртҳои табиӣ, бе иловагии шакар ва консервантҳоро интихоб кунед. Йогуртҳои табиӣ таъми нарм дошта, ба осонӣ ҳазм мешаванд. Йогурт инчунин хосияти нармкунандагӣ ва оромибахшӣ дорад. Он дар мубориза бо асабоният ва  илтиҳоб кумак намуда, сурхшавӣ ва хоришро коҳиш медиҳад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 26, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд