Китоби олими тоҷик «Ёде аз Ҳинди бузург» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон машварати илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, ки дар он китоби тознашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова «Ёде аз Ҳинди бузург» рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Китоб ба забони тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расида, дар он мақолаҳо оид ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ва Ҳиндустон, инчунин нигоштаҳои илмии муаллиф дар конфронсҳои байналмилалӣ ва натиҷаи сафараш ба Ҳиндустон рӯи чоп оварда шудааст.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар китоб муаллиф саҳми фарзандони бузурги Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Мавлоно Абдулкалом Озод ва дигаронро таъкид намудааст. Онҳо на фақат сиёсатмадорони дурандеш, файласуф, таърихшинос буданд, балки роҳи душворгузари илмро ба хотири ҳалли дурусти масоили истиқлолият ва демократияи мамлакати худ тай кардаанд.
Иброз гардид, ки барои рушди равобиту ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию фарҳангии Ҳиндустон заминаҳо ва имконоти фаровон мавҷуданд. Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар солҳои охир ба сатҳи нав баромадааст. Лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули донишмандон ва баргузории конфронсҳои илмию таҳқиқотӣ нишондиҳандаи талошҳои муштараки мо барои рушди илм ва ҳалли мушкилоти муҳими замони муосир мебошанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике доир ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти илму маориф ва таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии ду давлат ибрози назар намуд. Иброз гардид, ки китоби тозанашри «Ёде аз Ҳинди бузург» ба бозтоби равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Ҳиндустон бахшида шуда, метавонад ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти минбаъда ва таҳкими ҳамкории илмӣ байни ду давлат хизмат намояд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»






