Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2025 шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, сарфи назар аз мушкилоти мураккаби ҷаҳони имрӯз ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди кишвар, соли 2025 барои мардуми Тоҷикистон соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Ба таъкиди Сарвазири кишвар дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4 фоиз таъмин карда шуд.
Сатҳи таваррум 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.
Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Таъкид карда шуд, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2025 13 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонида шуд.
Соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 84,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2024 9,5 фоиз таъмин гардид.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.
Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 35 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ додашуда зиёд гардида, 30 миллиард сомониро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23 фоиз зиёд аст.
Татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,7 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 155 миллион тонна бор ва 1,1 миллиард мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 15,2 ва 11 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо 77,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 14 фоиз зиёд аст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2025 ба 30,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 13,2 фоиз зиёд мебошад.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2024 20,5 фоиз афзоиш ёбад.
Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар кишвар ба 795 адад расида, дар муқоиса ба соли 2024 38 муассиса зиёд мебошад.
Вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 ҳазору 154 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 182,7 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст.
Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 24,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра 113 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 301 муассиса таъмиру азнавсозӣ карда шуд.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.
Дар соли ҳисоботӣ дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 280 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти қонунгузории андоз, тавассути воситаҳои электронии пардохт вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешидашуда дар соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 миллиард 598 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,3 фоиз, вилояти Хатлон 103,1 фоиз, вилояти Суғд 107,1 фоиз, шаҳри Душанбе 119,8 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 109,5 фоиз таъмин карда шуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Сипас Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода доир ба фаъолияти мақомоти назорату санҷиш дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.
Доир ба раванди ҷалби сармоя ба иқтисоди миллӣ ва роҳҳои афзун намудани он ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода шунида шуд.
Инчунин, дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва раиси Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк Алиҷон Салимзода доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гузориш дод.
Таъкид гардид, ки эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор гузошт.
Соли 2025 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз афзоиш ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирӣ кардани раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус, дар самти коркарди меваю сабзавот ва таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ ва бо дарназардошти талаботи бозор ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти соҳа вазифадор намуданд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, ҳисоботи Вазири нақлиёт Азим Иброҳим шунида шуд, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2025 ҷамъбаст гардида, самтҳои асосии рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуд.
Вазорати нақлиёт вазифадор карда шуд, ки иҷрои вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026, инчунин татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузориро, ки дар соҳа амалӣ мегарданд, таъмин намояд.
Ба Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва роҳбарони ширкатҳои соҳа барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи он аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ва бунёди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаҳои чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, растанипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, коркарди саривақтии замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим, вазъи экологӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ҳисобот доданд.
Вазорати кишоварзӣ, Агентии содирот, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба истифодаи мақсадноки заминҳо, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ, хусусан, дар самти истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, бо дарназардошти вазъи камборишу хушк омадани тирамоҳи гузашта яхобмонии саривақтӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани 3 – 4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла тухмии зироатҳои ғалладонагии репродуксияи баланд, инчунин, тухмиҳои ба иқлим мутобиқшуда ва парвариши навъҳои минтақабобгардидаи зироатҳои кишоварзӣ ва ҳамчунин афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор гардиданд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ҳамчунин бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо ва рушди ҳунармандию косибӣ вазифадор карда шуданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд, ки соли 2025 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда татбиқ гардида, 46 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Ба таъкиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе бо нишондиҳандаҳои устувор таъмин шуда, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 8,3 фоизро ташкил дод ва буҷети шаҳр 22,2 фоиз барзиёд иҷро гардид.
Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дада шуд ва суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 фоиз таъмин гардид.
Дар баробари ин, суръати рушди маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба соли 2024 31 фоиз зиёд гардида, ба масоҳати 713 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд.
Аз ҷумла дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимӣ барои 19 ҳазор хонанда ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 тарбиягиранда сохта, ба истифода дода шуд.
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳр дар маҷмӯъ 60 километр роҳҳо ба маблағи 406 миллион сомонӣ азнавсозӣ ва асфалтпӯш гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2025 ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охири кори маҷлиси васеи Ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 суханронӣ намуда, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат гузошташударо таъмин намоянд.
Хусусан, ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷомеа аз ҳарвақта бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои пешгирӣ кардани таъсири омилҳои берунӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар фаъолияти худро вусъат бахшанд.
Ба ин мақсад зарур дониста шуд, ки ҷиҳати дарёфт ва истифодаи самараноки манбаъҳои нави рушд, инчунин, муайян намудан ва ҷалби сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ ва устувории молиявии кишвар чораҳои судманд андешида шаванд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар соли ҷорӣ ба масъалаҳои истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ташаккули «иқтисоди сабз» эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, рушди неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт ба шумор меравад.
Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки ҷиҳати таъмин намудани иҷрои супориши Паёми Роҳбари давлат оид ба баланд бардоштани маош, нафақа ва стипендияҳо дар соли равон ва дигар уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди мардуми Тоҷикистон чораҳои саривақтӣ андешад.
Дар баробари ин, зарур дониста шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ, таъмин намудани талаботи рӯзафзуни бозори истеъмолӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум мунтазам чораҷӯйӣ карда шавад.
Ба Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2026 чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари ин, сохтору мақомоти мазкур вазифадор шуданд, ки ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ кардани пайдоиши бақияпулиҳои нав чораҳои самаранок андешанд.
Дар робита ба камбудиҳо дар самти хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо вазифадор гардиданд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳоро таъмин намоянд.
Аз ҷониби Роҳбари давлат супориш дода шуд, ки дар самти пешгирӣ кардани омилҳои коррупсионӣ дар ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ ва муассир амалӣ карда шаванд.
Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо вазифадор карда шуданд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои муштараки ислоҳотро дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ таъмин намоянд.
Дар ин самт зарур дониста шуд, ки ҷиҳати идома додан ва густариши ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба иқтисоди миллӣ, инчунин, дастгирии буҷети давлатӣ чораҳои мушаххас ва самарабахш андешида шаванд.
Илова ба супоришҳои додашуда, аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои соҳавӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо талаб карда шуд, ки татбиқи саривақтии лоиҳаҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳоро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои фаврӣ ва муассир андешанд.
Ҳамчунин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати афзоиши назарраси ҳаҷми сармояи мустақим тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар вазифадор карда шуданд, ки муаррифии мунтазами имкониятҳои сармоягузориро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа ба роҳ монда, фаъолияти худро дар самти ҷалби сармояи мустақим ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.
Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҷониби Роҳбари давлат вазифадор карда шуданд, ки ҷараёни қарздиҳиро самаранок ба роҳ монда, ҳаҷми қарзҳоро ба соҳибкории истеҳсолӣ, хусусан, дар ноҳияҳои дурдасти кишвар бамаротиб афзоиш диҳад.
Ҳамчунин, Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо вазорату идораҳо рушди низоми пардохт ва татбиқи пурраи низоми ғайринақдиро дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин намуда, аз 1-уми июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродиро ҷорӣ намояд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки татбиқи васеи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми мукаммали пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамаи соҳаҳо зарурати бечунучарои замон мебошад.
Бинобар ин, барои ҳарчи зудтар татбиқ гардидани раванди рақамикунонӣ иҷрои пурра ва саривақтии супоришҳои додашуда дар ин самт аз ҷониби ҳамаи масъулин бояд сари вақт таъмин карда шавад.
Аз ҷумла, Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ чораҳои фаврӣ ва муассир андешида, суръат, сифати хизматрасонӣ ва дастрасии интернетро беҳтар намояд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатиро тавассути махзани ягона ба роҳ монад.
Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият низоми рақамии мониторинги хароҷоти буҷети давлатӣ марҳала ба марҳала ҷорӣ карда шавад.
Илова бар ин, аз ҷониби Президенти мамлакат ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки низоми ягонаи рақамии мониторинги лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ҷорӣ карда, риояи интизоми молиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагонро таъмин намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар татбиқи чорабиниҳои вобаста ба саноатикунонии босуръат заминаи ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хусусан, маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, таъсиси ҷойҳои корӣ, зиёд намудани содирот ва дар маҷмуъ, рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки камбудиҳоро бартараф намуда, иҷрои супоришҳоро дар ин самт таъмин ва бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо рушди босуръати соҳаро роҳандозӣ намоянд.
Инчунин, якҷо бо вазорату идораҳо иқтидорҳои истеҳсолиро тақвият бахшида, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок ва содироти онро таъмин намоянд ва дар ин замина то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноатро дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 30 фоиз расонанд.
Дар баробари ин супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва азнавтаҷҳизонии онҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, махсусан, бо ҷалби сармоягузорони ватанӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамчунин, ба мақсади ба роҳ мондани коркарди пурраи маъданҳо ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, аз ҷумла металлҳои ранга ва нодир, ҳамкорӣ бо сармоягузорон густариш дода шавад.
Дар асоси таҳлили фаъолияти низоми энрегетикии кишвар аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Барқи Тоҷик» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» супориш дода шуд, ки барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагон ва ҷамъоварии саривақтии маблағи неруи барқ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳоро таъмин намоянд.
Роҳбари давлат ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии истиқлоли энергетикӣ ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо неруи барқ амалисозии тадбирҳои вобаста ба рушди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқро вусъат бахшанд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли равон масъалаи сохта, ба истифода супоридани неругоҳҳои барқи офтобиро дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун таъмин намоянд.
Ҷиҳати дар соли 2027 ба истифода супоридани агрегати сеюми неругоҳи барқи обии Роғун Роҳбари давлат ба масъулин супориш доданд, ки корҳои сохтмон ва таъмини иҷрои нақшаи тасдиқгардидаро бо риояи стандартҳои байналмилалӣ суръат бахшанд.
Барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин кардани амнияти озуқавории кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаро дар соҳа таъмин карда, татбиқи самараноки технологияҳои каммасрафи обёрӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, роҳандозии кишти такрорӣ ва гирифтани се – чор ҳосилро роҳандозӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки ҳамзамон бо ин, иҷрои дурнамои кишти зироатҳои асосӣ, хусусан, картошка, пахта ва шолиро таъмин намоянд.
Дар баробари ин, Президенти мамлакат ба масъулини соҳа супориш доданд, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва ниҳолшинонӣ, инчунин, рушди соҳаи чорводорӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки доир ба хавфҳои эҳтимолии хушксоливу тағйирёбии обу ҳаво ва пешгирӣ намудани пайомадҳои таъсири манфии он чораҳои судманд роҳандозӣ намоянд.
Роҳбари давлат бори дигар таъкид намуданд, ки масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрока дар ҳар як оила нисбат ба ҳарвақта мубрам гардида истодааст.
Дар робита ба ин, зарур дониста шуд, ки роҳбарону мутахассисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба масъалаи захираи зарурии маводи озуқа дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бо мардуми кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ роҳандозӣ намоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки дар самти таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, мониторинги болоравии беасоси нархҳо, пешгирӣ ва бартарафсозии рақобати носолим мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати рушди коркарди амиқи ашёи хом, коҳиши талафот ва такмили занҷираи «истеҳсол – коркард – нигоҳдорӣ – фурӯш» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, агентиҳои содирот, «Тоҷикстандарт» ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ супориш дода шуд, ки доир ба мутобиқсозии маҳсулоти кишоварзӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, тавсеаи бозорҳои хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии содироти маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.
Ҳангоми таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба вазоратҳои маориф ва илм, молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати ташкили низоми рақамии фарогир дар кишвар дар самти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои муосири рақамӣ, инчунин, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати педагогикаи рақамӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Инчунин, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута супориш гирифтанд, ки ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба муассисаҳои таълимии садамавӣ ва таъмирталаби соҳа, инчунин, дар се баст фаъолият намудани баъзе аз муассисаҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳо чораҳои мушаххас амалӣ намоянд.
Дар баробари ин, ба Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки механизми арзёбии сифати таҳсилотро бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам ҳарчи зудтар таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам, ҷиҳати роҳандозии варақаи электронии тиббӣ корҳоро ҷоннок намояд.
Вазорати фарҳанг, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи мақомоти марказӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба муассисаҳои таъмирталаб ва садамавии соҳа чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, вазоратҳои фарҳанг, корҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати муаррифии васеи фарҳангу таърихи миллати тоҷик ҳамкориро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ тақвият бахшанд.
Фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ супориш гирифтанд, ки низоми хизматрасонӣ ва иқтидори инфрасохтори худро бо дарназардошти афзоиши шумораи сайёҳон дар ояндаи дарозмуддат такмил ва густариш диҳанд.
Дар маҷлиси Ҳукумат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ва ҳамзамон бо ин, боз ҳам боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, худшиносиву худогоҳии миллии аҳолӣ бар пояи таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тақвияти ҳисси худогоҳиву худшиносии ҳар як сокини кишвар вазифаи муҳимтарин ба ҳисоб рафта, татбиқи корҳои амалии назаррасро тақозо менамояд.
Бинобар ин, Кумитаи телевизион ва радио, Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки бо ҷалби коршиносону мутахассисон ва олимон ҷиҳати муаррифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва фарҳанги пурғановати он тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.
Ба ин мақсад зарур дониста шуд, ки дар самти таҳияи барномаҳои ҷолибу филмҳои мустанад бо забонҳои гуногун ва васеъ паҳн намудани онҳо байни ҷавонону наврасон ва ҷомеаи башарӣ чораҷӯйӣ карда шавад.
Дар баробари ин, ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи исломӣ, падару модарон, аҳли зиё ва ходимони дин фаъолияти худро дар самти тарбияи динӣ, бахусус, вобаста ба таълимоти инсонпарваронаи дини ислом, риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ва ҳифзи арзишҳои созандаи дини ислом, инчунин, пешгирӣ кардани паҳншавии ифротгароӣ тақвият диҳанд.
Дар охири суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла ба намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи мақомоти марказӣ ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъкид намуданд, ки ҷиҳати вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти банақшагирифташуда ва сифати онҳо корҳои назоратиро пурзӯр намоянд.
Тавре таъкид гардид, мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем.
Роҳбари давлат хотирнишон намуданд, ки дар шароити буҳрониву ноороми ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки аъзои Ҳукумат, роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ин соли бисёр муҳим барои амалӣ намудани супоришҳои Паёми Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида, супоришу вазифаҳои гузошташуда ва риояи ҳатмии интизоми давлатӣ масъулияти шахсӣ доранд.









Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






