«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ…». Фалсафаи амиқи ҳастӣ ва роҳнамо барои ҳифзи асолати миллӣ
ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи муосири давлатдории тоҷикон масъалаи худшиносии миллӣ ва муайян кардани ҷойгоҳи арзишҳои миллӣ дар канори эътиқоди динӣ яке аз мавзуъҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» фалсафаи амиқи ҳастӣ ва роҳнамо барои ҳифзи асолат дар ҷаҳони муосир мебошанд.
Ин гуфтаҳо дар навбати аввал ба масъалаи асолати хун ва таърих ишора мекунанд. Тоҷик будан маънои мансубият ба яке аз қадимтарин тамаддунҳои башариро дорад, ки ҳазорсолаҳо пеш аз зуҳури динҳои сомӣ мавҷуд буд. Миллат ҳамчун падидаи биологӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ заминаи пайдоиши шахсият аст. Инсон аввал дар оғӯши миллат ба дунё меояд, забони модариро меомӯзад ва соҳиби ватани ҷуғрофӣ мегардад. Дин интихоби маънавӣ ва эътиқодиест, ки дар марҳилаҳои баъдии рушди инсон ё ҷомеа пазируфта мешавад. Аз ин рӯ, таъкид бар «аввал тоҷик будан» эҳтиром ба гузаштаи ниёгон, забони модарӣ ва хизматҳои бузурги фарзандони ин миллат давоми таърих аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш мекунанд ҳувияти миллиро зери сояи эътиқодҳои мазҳабӣ маҳв созанд, ин мавқеъгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллат сипари идеологӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки миллатҳои беҳувият ва касоне, ки манфиатҳои миллиро қурбони таассуби динӣ кардаанд, ҳамеша зери султаи бегонагон мондаанд. Тоҷикон бо доштани таърихи беш аз шашҳазорсола ва фарҳанги ғании ориёӣ ҳақ доранд, ки дар навбати аввал аз миллати худ ифтихор дошта бошанд.
Ин дидгоҳ барои насли ҷавон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Онҳо бояд бидонанд, ки пеш аз ҳама, соҳиби Ватан, забон ва миллат ҳастанд. Маҳз миллат аст, ки давлатро месозад ва давлат аст, ки озодии эътиқодро кафолат медиҳад. Бе давлати миллӣ дин ба абзори дасти сиёсатмадорони хориҷӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ табдил меёбад.
«Аввал тоҷикам, баъд мусулмон»- ин мувозинати дурусти байни замин ва осмон, байни таърих ва эътиқод аст. Ин даъват ба он аст, ки мо бояд тоҷики асил бошем, то битавонем мусулмони воқеӣ ва бомаърифат бимонем. Ҳифзи ҳувияти миллӣ кафили бақои давлат ва ваҳдати пойдори ҷомеаи Тоҷикистон дар қарни бистуяк мебошад.
Вақте мо дар бораи гуфтаи «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» сухан мекунем, масъала на дар бораи он аст, ки кадоме аз онҳо аз ҷиҳати замонӣ пештар пайдо шудааст (зеро ҷавобаш маълум аст: миллати тоҷик ҳазорсолаҳо пеш аз ислом мавҷуд буд), балки дар бораи аввалият ва асолати ҳувият меравад.
Миллат падидаи табиӣ ва биологӣ аст. Инсон бо миллати муайян ба дунё меояд — ин интихоби ӯ нест, ин хуни ӯ ва пайванди ӯ бо замину ниёгон аст. Дин як ниҳоди маънавӣ ва эътиқодиест, ки инсон онро қабул мекунад. Тоҷик будан замина ва сутунест, ки дар болои он бинои эътиқод сохта мешавад.
Тоҷик будан (давлат доштан) кафолати мусулмон будани мост. Агар мо аввал тоҷик набошем ва манфиати миллиро ҳифз накунем, побанди дигарон хоҳем шуд.
Дар таърихи мо ислом бо рангу бӯи тоҷикона пазируфта шудааст. Мо исломро тавассути забони тоҷикӣ ва фарҳанги таҳаммулгарои худ қабул кардем. Имом Аъзам — пешвои мазҳаби мо — худаш тоҷиктабор буд ва иҷозат дода буд, ки намозро ба тоҷикӣ бихонанд (барои касоне, ки забони арабиро намедонистанд). Ин нишон медиҳад, ки «тоҷик будан» ҳамеша дар марказ қарор дошт.
Дар ҷаҳони имрӯза, ки низоъҳои мазҳабӣ зиёданд, «аввал тоҷик будан» маънои онро дорад, ки мо бояд, пеш аз ҳама, муттаҳид бошем, илму техникаро азхуд кунем ва Ватани худро обод кунем. Эътиқод як амри қалбист, аммо миллат — ин як тақдири муштарак аст. Тоҷикият — ин хонаи мост. Аввал бояд хонаро ҳифз кард.
Се мафҳум — Ватан, Миллат ва Давлат мисли се сутуни асосии як бино ҳастанд, ки агар яке аз онҳо набошад, бино фурӯ меравад. Ин робитаи ҷудонашавандаро метавон ба таври зерин шарҳ дод: миллатҳое, ки давлат надоранд, ҳамеша дар зери фишори фарҳангҳои бегона қарор мегиранд. Таърих мисолҳои зиёдеро дар хотир дорад, ки миллатҳои бузург бо сабаби надоштани давлатдории мустақил забон ва асолати худро гум карда, аз сафҳаи таърих сутуда шудаанд. Давлат барои миллат мисли «пӯст» аст, ки ҷисмро аз таъсири беруна ҳифз мекунад.
Агар давлат дар заминаи як миллати воҳид ва соҳибҳувият сохта нашавад, он ба сохтори сунъие мемонад, ки рӯзе аз ҳам мепошад. Миллат ба давлат «руҳ» ва «маъно» медиҳад. Маҳз ҳувияти миллии мост, ки моро водор мекунад, то барои ҳифзи марзу буми давлатамон ҷоннисорӣ кунем. Ватан танҳо як қитъаи замин ё ҷуғрофия нест. Ватан он ҷоест, ки миллат дар он таърих офаридааст ва давлат дар он соҳибихтиёрии худро амалӣ мекунад. Бе Ватан миллат овора ва давлат бемакон мегардад.
Дар заминаи гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин суханҳо маҳз ба он нигаронида шудаанд, ки мо бояд аввал ин се арзишро ҳифз кунем:
- Агар Давлат набошад, кӣ озодии эътиқоди моро таъмин мекунад?
- Агар Миллат набошад, кӣ анъана ва фарҳанги тоҷиконаи моро ба наслҳои оянда мерасонад?
- Агар Ватан набошад, мо дар куҷо намоз мегузорем ва кадом хокро обод мекунем?
Ватан, Миллат ва Давлат организми воҳиданд. Дин ва эътиқод дар дохили ин организм ҳамчун ғизои маънавӣ хизмат мекунанд. Агар организм (Давлату Миллат) солим набошад, ягон ғизои маънавӣ наметавонад онро наҷот диҳад.
Маҳз ҳамин дарки амиқ — яъне дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои миллӣ кафили он аст, ки мо ҳамчун як халқи мустақил дар харитаи ҷаҳон боқӣ мемонем.
Таърих борҳо собит намудааст, ки маҳз ҳамон нафароне, ки манфиатҳои миллиро аз эътиқоди шахсӣ ё идеологияҳои бегона пасттар мегузоранд, дар лаҳзаҳои ҳассос ба хиёнат даст мезананд.
Вақте инсон дарки дурусти ҳувияти миллӣ ва таърихи ниёгони худро надорад, вай мисли дарахти бе реша аст, ки ҳар боди бегона метавонад ӯро ба ҳар тараф барад. Баъзеҳо таҳти таъсири тарғиботи доираҳои махсус фикр мекунанд, ки дар дин «миллат» вуҷуд надорад. Аммо ин як хатои бузург аст. Ҳатто дар маркази зуҳури динҳои ҷаҳонӣ халқҳо аввал забон ва фарҳанги худро ҳифз мекунанд. Касоне, ки мегӯянд «ман танҳо мусулмонам ва миллат надорам», дар асл роҳро барои нест кардани истиқлолияти давлати худ боз мекунанд.
Имрӯз ҳам гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро бо шиорҳои динӣ бар зидди давлату миллати худашон шӯронанд. Ин бузургтарин андешаи ботил аст, зеро дар ҳеҷ дине хиёнат ба Ватан ва волидайн, ки рамзи миллатанд, ҷоиз нест.
Инсон метавонад мусулмони содиқ бошад ва ҳамзамон ватандӯсти ашаддӣ. Ин ду бо ҳам зиддият надоранд. Аммо касе, ки «тоҷик будан»-и худро инкор мекунад, ӯ аллакай дар зеҳни худ Ватанашро фурӯхтааст.
Мутаассифона, «кӯрони маънавӣ» ҳамеша дар таърих буданд. Барои пешгирӣ аз ин маҳз ҳамин сиёсати «аввал тоҷик будан» зарур аст, то насли ҷавон бидонад, ки ифтихор аз гузашта, забон ва ниёгон қарзи имонии ҳар соҳибватан аст. Танҳо бо тарғиботу шиорҳо наметавон пеши роҳи андешаҳои ботилро гирифт. Маърифат ва дониш калиди асосии наҷоти ҷомеа аз ҷаҳолат аст.
Ҳоло дар ҷаҳоне, ки ҷанги иттилоотӣ ва мағзшӯии ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба авҷи аъло расидааст, танҳо шахсияти соҳибмаърифат метавонад сиёҳро аз сафед ҷудо кунад. Ҷавоне, ки таърихи воқеии миллати худро медонад ва мефаҳмад, ки ниёгони мо чӣ гуна тамаддуни бузурге (аз ориёиҳо то Сомониён) сохтаанд, ҳеҷ гоҳ намегӯяд, ки «ман миллат надорам». Донистани таърих ғурури миллиро бедор мекунад ва ин ғурур намегузорад, ки инсон хоин бошад.
Донишҳои дунявӣ, илмҳои дақиқ ва фаҳмидани равандҳои сиёсии ҷаҳон ба инсон кумак мекунанд, то бозиҳои геополитикиро дарк намояд. Касе, ки ҷаҳонфаҳмии васеъ дорад, мефаҳмад, ки гурӯҳҳои ифротӣ динро танҳо ҳамчун ниқоб барои расидан ба қудрат ва вайрон кардани давлатҳои мустақил истифода мебаранд. Имон ва ватандӯстӣ на танҳо дар сухан, балки дар амал бояд бошад. Вақте ки ҷавонон ба илмомӯзӣ, сохтмон, эҷод ва навсозӣ машғул мешаванд, онҳо арзиши меҳнат ва истиқлолиятро мефаҳманд. Шахси созанда ҳеҷ гоҳ даст ба вайронкорӣ намезанад.
Маърифат ба инсон имкон медиҳад, ки дарк кунад: «Тоҷик будани ман хилофи мусулмон будани ман нест». Баръакс, маҳз фарҳанги баланди тоҷикона буд, ки ба ислом ранги илму адаб ва таҳаммулпазирӣ бахшид.
Вақте тафаккури инсон аз дониш холӣ мемонад, дигарон он «холигоҳ»-ро бо ақидаҳои заҳролуд пур мекунанд. Аз ин рӯ, сиёсати «аввал тоҷик будан» дар асл даъват ба илму маърифат ва бозгашт ба решаҳои хирадмандии миллати мост. Ин камолот ва маърифат аст, ки Ватанро аз андешаҳои ботил ҳифз мекунад.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст






