«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?

Январь 13, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Имсол дар Низомномаи озмун чӣ тағйирот ворид гардид ва киҳо дар ин озмун иштирок карда наметавонанд? Ба ин саволҳо сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Мирзоолим Саидов ба АМИТ «Ховар» чунин посух дод:

— Имсол ба Низомномаи озмун ду тағйирот ворид гардид. Аввалан, ба номинатсияи навозандагӣ жанри академӣ (созҳои аврупоиасос) ворид шуд. Дуюм, дар номинатсияи дизайн синни аз 12 то 17-сола гирифта шуд. Дар ин номинатсия танҳо нафарони аз 18 то 35-сола иштирок мекунанд.

Тибқи низомнома дар ин озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, композиторон, оҳангсозону бастакорон, сарояндагону навозандагон, рассомону дизайнерони унвондору касбӣ, омӯзгорони фанҳои тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок карда наметавонанд. Инчунин як нафар наметавонад дар ду номинатсия иштирок кунад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз соли 2019 то 2025 дар озмун 21 687 довталаб аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок намудааст. Аз ин шумора 485 нафар давоми 6 сол бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд: соли 2019 – 28 нафар, соли 2020 – 66 нафар, соли 2021 – 78 нафар, соли 2022 – 77 нафар, соли 2023 – 118 нафар, соли 2024 – 118 ва соли 2025 – 136 нафар.

Тибқи талаботи низомнома, ғолибони озмун (лауреатҳои Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) ҳуқуқи иштирок дар солҳои минбаъдаи озмунро надоранд.

Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад. Ҳар номинатсия талаботи махсуси худро дорад, ки дар низомнома пурра оварда шудааст. Дар озмун истифодаи фонограмма манъ аст.

Тавре дар низомномаи озмун омадааст, ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби мутахассисони мусиқишинос, санъатшинос, рассомон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерон аз ҷониби комиссияи озмун тасдиқ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки шахсе, ки шогирд ё аъзои оилаи ӯ дар озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон дохил гардиданро надорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд