Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?

Январь 13, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 87 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи 10 самт: омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи 344 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 135 номгӯй ихтисос зиёд мебошад. Дар ин хусус раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Ихтисосҳои нав асосан вобаста ба энергияи «сабз», панелҳои офтобӣ, электромобилҳо ва мошинҳои гибридӣ, зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар тамоми самтҳо, техникаву технологияҳои нави соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тиббӣ ва амсоли онҳо мебошанд.

Ба саволи кадом ихтисосҳо дар айни замон дар Тоҷикистон серталабанд, Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки 20 ихтисоси серталаби коргарӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавҷуд аст, ки инҳоянд: электромонёр, кафшергар, челонгар, сохтмончӣ, устои бетонрез, устои гаҷкору рангмол, қубургузор ва таъмиргар, дуредгар, устои бомпӯш, механик, ронандаи техникаи махсус, оператори дастгоҳҳои саноатӣ, оператори хатҳои истеҳсолӣ, техники барқ ва таҷҳизоти барқӣ, дӯзанда, устои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, ошпаз, коргари анбор, боғбон, деҳқони касбӣ, устои таъмири асбобҳои маишӣ ва техникаи хурд.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки «дар Тоҷикистон давоми солҳои истиқлолият назар ба тамоми давраҳои гузашта ба тарбия ва омодасозии кадрҳои дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳи афзун зоҳир гардид. Ин раванд бо ташаббусу сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки инсон, махсусан ҷавононро сармояи бузургтарин медонанд, оғоз шуд. Дар ин асос таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба яке аз самтҳои махсуси сиёсати давлатӣ табдил ёфт ва бо дастури Президенти ҷумҳурӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис дода шуд.

Таъсиси ин сохтор дар таърихи идоракунии соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисони амалии ҷумҳурӣ рӯйдоди муҳим ба шумор меравад, зеро он аввалин маротиба имконият фароҳам овард, ки ин соҳа ҳамчун низоми мустақили давлатӣ бо сохтор, сиёсат, стандартҳо ва механизмҳои идоракунии хоси худ рушд кунад».

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯйи 14 самт: иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 165 касбу ихтисос зиёд мебошад.

«Моҳҳои май ва июни соли 2025 аз рӯйи натиҷаи хатм дар 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Аз 534 хатмкунанда 304 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардид. Нисбат ба 72 нафаре, ки бе сабаби узрнок ба кор ҳозир нашуданд, аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ аризаҳои даъвогӣ ба суд ирсол шудаанд»,-гуфт раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 13, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд