ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки “итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем…”.
— Боиси сарфарозии мо аст, ки миллати сарбаланди тоҷик бо тамаддун ва фарҳанги беш аз шашҳазорсола дар масири таърих ба масъалаи ободкорию бунёдгузорӣ ва таъсису созандагӣ таваҷҷуҳи махсус равона кардааст. Таърих собит сохтааст, ки худшиносию худогоҳии миллии тоҷикон чун пояи ҳастии миллат на танҳо омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавӣ, балки заминаи мусоид барои таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иҷтимоию сиёсӣ ва корҳои ободонию созандагӣ маҳсуб мешавад. Ободониву бунёдкорӣ ҷавҳари зотии ин қавми куҳанбунёд дар сарзамини Мовароуннаҳр буда, тоҷикон дар бунёди коху шаҳрҳои азими бостонӣ нақши мондагор бар ҷой гузоштаанд. Бесабаб нест, ки дар осори хаттӣ ва гуфтории мардуми тоҷик суннати ободкорию созандагӣ тавсиф шуда, ҳанӯз шоҳасари ориёиҳо “Авасто”, ки ҷавҳарии асосии онро “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ташкил медиҳад, ҳамагонро ба анҷом додани корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват кардааст.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ин анъанаи нек имрӯз низ идомаи мантиқӣ дорад. Мардуми бофарҳанг, созанда ва ободкори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукуҳу шаҳомати хосса ва дастовезҳои меҳнатӣ тасмим гирифтаанд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол гиранд. Ба ин муносибат мардуми саховатпеша ва бонангу номуси вилоят дар шаҳру ноҳияҳо ба ободкорию созандагӣ рӯ оварда, тибқи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҳаёти осуда ва осоишта ба хотири ободии маҳали зисташон саъю талош доранд.
Имрӯзҳо дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба мушоҳида расида, ҳар сокини бедордилро водор месозад, ки дар доираи имконот ва тавонмандӣ дар ободу зебо гардонидани гӯшае саҳм гузорад. Зеро садоқат ба ватан ва эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла мардуми сарбаланди вилоятро водор месозад, ки дар маҳалли зисташон дар сохтмони роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, каналу ҷӯйборҳо, ташкили нуқтаҳои фароғатӣ ва парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабзи ороишӣ, сабзазоркунӣ, сохтмони манзилҳои зисти ҳозиразамон ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаю маҳал аз таҳти дил ҳисса гузоранд.
Бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳӣ метавон гуфт, ки дар ин ҳама созандагию ободониҳо саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят беназир буда, шиори “Тоҷикистон, ба пеш” таҳти роҳбарии ин фарзонафарзанди миллат мароми моро ифода менамояд.
Бояд иброз намоем, ки дар партави сиёсати маорифпарварона ва созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ки меваи шаҳдбори даврони соҳибистиқлолии мамлакат аст, анҷом додани корҳои ободонӣ низ идомабахши бунёдкориҳо дар сатҳи вилоят мебошад. Давоми ду соли охир бо талошҳои роҳбарияти донишгоҳ марказҳои зерин: Маркази ҳуқуқшиносӣ, Маркази сабти овоз, Маркази лоиҳаҳои инноватсионӣ, Озмоишгоҳи бизнес-инкубатсия, Маркази сайёҳӣ, Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим, Маркази иқтисоди “сабз”, Маркази фарҳангии Ҳиндустон таъсис ва ба истифода дода шуданд.
Дар назар аст, ки дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 имсол 3 маркази дигари таълимӣ: Маркази зеҳни сунъӣ, Маркази рушди барвақтии кӯдак ва Маркази омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ таъсис ва мавриди истифода қарор дода шаванд.
Пас месазад, ки ҳар фарди солимфикр бо истифода аз ақлу заковат, эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсии хеш натиҷаҳои назаррас ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакатро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, корҳои созандагию ободӣ ва зебою сарсабз гардонидани тамоми ҷумҳуриро идома бахшанд.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 иброз намуданд, “биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем”.
Рушонгул ШОФАҚИРЗОДА,
муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
АКС: АМИТ «Ховар»/муаллиф








Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд






