Парвариши ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ ба мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст

Январь 5, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Парвариши хуби ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ ба мавқеи ҷуғрофии ҳар минтақа вобаста аст. Ҳар ниҳоли дарахти ороишию сояафкан, мевадиҳанда ва гулу буттагиҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешавад, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошад. Олимони соҳаи кишоварзӣ доир ба парвариши ниҳолҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат тавсияҳои муфид медиҳанд.

Ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуданд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд. Инчунин барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахшанд, бояд оқилона истифода намуд.

Дар вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи донакдор, зардолу, шафтолу, олу, гелос, бодом, хурмо, анор ва писта хуб нашъу намо меёбанд.

Боғпарварони минтақаҳои кӯҳистони водии Рашт, ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин ва Муъминобод бояд дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор, ба мисли себ ва нокро бештар парвариш намоянд. Зеро ин дарахтон дар ин минтақаҳо ҳосили фаровон медиҳанд.

Дар шароити табиии вилояти Суғд парвариши дарахтони донакдор, ба мисли зардолу, шафтолу, олу, олуболу афзалият дорад. Дар ноҳияҳои водии Зарафшон- Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва инчунин Шаҳристон ниҳоли дарахтони тухмакдор- себ, нок, дар Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд.

Ба тавсияи олимони тоҷик, дар минтақаи Тоҷикистони Марказӣ тамоми намудҳои ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, сарв (ҳамешасабз, саври аризонӣ), намудҳои гуногуни санавбар, фотиния, ликвидамбар, намудҳои гуногуни магнолияи бунафш, аз буттагиҳо- шамшод, нормушк, бирючина, гули ёси муқаррарӣ, ёси арабӣ ва дар маҷмуъ тамоми дарахтони ороишию сояафкан парвариш карда мешаванд.

Ба таъкиди олимон, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат иқлимаш гарму хушк мебошад, хусусан аз ноҳияи Кӯшониён то Панҷи Поён парвариши ниҳоли дарахтони чинор, шумтол, павлония, булут, каталпа, заранг ба мақсад бештар мувофиқ аст.

Инчунин дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Муъминобод, ки иқлимашон нисбатан сардтар аст, ба парвариши ниҳоли дарахтони шоҳбулут, заранг, сафедор ва ғайра афзалият дода мешавад. Дар маҷмуъ, шинонидан ва парвариши ниҳоли дарахтони баргдори сояафкан ба ғайр аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон мувофиқи мақсад аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 5, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд