ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд

Январь 26, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки ҳамчун санади муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди дохилию хориҷии мамлкатро муайян намуд. Дар баробари баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амният ва сиёсати хориҷӣ дар ин санади муҳим ба ҳифзи таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, рушди маориф ва омӯзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ин нукта гувоҳи он аст, ки фарҳангу маориф ҳамчун пояи ҳастии миллат ва омили таҳкими давлатдории миллӣ дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи калидӣ доранд.

— Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ карда шуд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 бо саъю талошҳои Тоҷикистон 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

«Мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллатамон муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем»,-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор таъкид намуданд, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидона ба мерос гузоштаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодонамон онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд»,-иброз доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ёдовар шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргонро, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиатанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии моро, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон арзёбӣ намуданд.

Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки барои дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дастур доданд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Ба таъкиди Пешвои миллат, амалӣ намудани ин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо, тоҷикон мегардад.

Дар баробари ҳифзу гиромидошти фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои таърихии миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия ва омӯзиш, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуданд. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки вазъи амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030»-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошта такмил диҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 30 августи соли 2025 иброз намуданд, ки зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз бахшҳои муҳими рушди захираҳои инсонӣ ва таҳкими пояи иқтисоди миллӣ маҳсуб мешаванд. Маҳз тавассути ин зинаи таҳсилот ҷавонон ба касбу ҳунарҳои зарурии бозори меҳнат соҳиб мегарданд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд.

Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат барномаи махсус барои давраи солҳои 2026 – 2030 қабул гардид. Барои амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ 300 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар самти таҷдиди назар намудани стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ ҳамчун қадами навбатии ислоҳоти соҳа пешбинӣ гардидааст.

Дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардида, амал менамояд.

Барнома бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ таҳия гардидааст.

Ҳамчунин дар барнома бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ пешбинӣ карда шудааст.

Таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат аз соҳаи маориф аҳли соҳаро вазифадор ва масъул месозад, ки барои ба таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани насли ҷавони мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳсилот ҳамеша кӯшиш намоем. Бо ин дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузорем.

Таҳмина РАҲМИХУДОЕВА,
ҷонишини директор оид ба тарбияи Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова
дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Январь 26, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст