РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 9, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури мардуми мамлакат гардид, ки давоми мантиқии паёмҳои пешин ба ин мақоми олии қонунбарор мебошад. Тавре мушоҳида мешавад, танзими ҷашну маросим ва бо ин роҳ беҳбуд бахшидан ба зиндагию рӯзгори мардум аз мавзуъҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаҳои зиёд иброз доштаанд, ки «расму ойинҳоро дар ҳолате ба низоми муайян оварда метавонем, ки ҳақиқатро дарк намоем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем».

Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи талаботи он ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёда аз ҳашт маротиба таъкид гардидааст. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (22 апрели соли 2002) чунин дарҷ гардида буд: «Аз нашри фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 июли соли 1999) дар бораи танзими ҷашну маъракаҳои мардумӣ қариб се сол мегузарад. Вале то ҳанӯз вазъи татбиқи фармон ва чорабиниҳои дар асоси он таҳияшуда ғайриқаноатбахш аст. Шахсоне, ки маъракаҳои пурдабдаба ва серхароҷот доир мекунанд, чаро наметавонанд, ки ба мактабҳо кумак кунанд ва барои рушди зеҳнии фарзандони худ дар мактабҳо синфҳои компютерӣ ташкил намоянд? Чунин шахсон бояд хуб донанд, ки фарзандони мо аз олам бехабар ва аз пешрафти ҷомеаи башарӣ дур монда истодаанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2016 чунин хотиррасон намуданд: «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳама самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2016 ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки «омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад».

Сарвари давлат 26 декабри соли 2018 занону модаронро даъват намуданд, ки «дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагонии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимии мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни мамлакатро уҳдадор намуданд, ки «дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона дар байни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар оилаи мамлакат нақши арзишманд мегузоранд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 хотиррасон намуданд, ки «имсол ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат (9 марти соли 2024) мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам. Дар ин мулоқот бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 низ эҳтироми худро нисбат ба занону модарон изҳор намуда, ёдовар шуданд, ки “бовар дорам, ки занону духтарони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”.

Ҳақ ба ҷониби Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад».

Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар сокини бонангу номуси мамлакат аст, ки ба қадри истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ расад, одобу русуми неки миллиро риоя ва муқаррароти қонунҳои миллиро дар амал татбиқ намояд.

Илҳом ДОДАРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими 
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад