САДА — ҶАШНИ СУННАТИИ КИШОВАРЗОН. Он мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат ҳидоят менамояд

Январь 30, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунофар на танҳо бо эҳтиром ва қадршиносии илму маърифат, балки бо ташаккул ва рушди анъанаҳо ва расму ойинҳои худ давоми асрҳо ҳастии миллии худро ҳифз намудааст. Мардуми тоҷик тавонист аз гузаштаҳои дур то ба имрӯз ҷашну ойинҳои миллӣ ва ҷойгоҳи иҷтимоии онҳоро нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннату анъанаҳои аҷдодӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хос пайдо намудааст. Зина ба зина ҷашнҳо ва ойинҳои мардумӣ эҳё гардида, дар байни халқҳои ҷаҳон муаррифӣ карда мешаванд. Хусусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд ёфта, ба пешрафти маънавии ҷомеа мусоидат менамоянд.

— Боиси хушнудии мардуми ҷумҳурӣ  ва бахусус кишоварзон аст, ки ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта мешаванд. Аз ҷумла, бо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид соли 2009 ҷашни Наврӯз, соли 2023 ҷашни Сада ва соли 2024 ҷашни Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Инчунин соли 2025 аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» ва «Ангури навъи тоифии гулобӣ»-и дараи Алмосӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) дохил карда шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин давлатест, ки маҳсулоти кишоварзии он аз ҷониби GIAHS эътироф гардида, дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури навъи тоифӣ ҳамчун мероси миллии кишоварзии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда мешаванд.

Бо ташаббус ва хиради дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии кишоварзӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон эҳё гардида, дар саросари мамлакат бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию кишоварзӣ таҷлил мешаванд. Ин ҷашнҳо дар тарғиб ва муаррифии фарҳанги пурғановати миллӣ нақши муҳим доранд. Ҷашнҳои суннатии миллӣ аз замонҳои қадим марҳилаҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонро ифода мекарданд ва дар таҳкими ахлоқ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми арзанда доштанд. Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мардумро ба покизагӣ, ростқавлӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстиву рафоқат ҳидоят менамуданд. Кишоварзон дар ин айём ба тоза кардани ҷӯйборҳо, омодасозии замин, тухмӣ, нигоҳубини чорво ва омодагӣ ба киштукори навбатӣ аҳамияти махсус медоданд. Сада ба фасли зимистон ва унсури оташ, Наврӯз ба баҳор ва замин, Тиргон ба тобистон ва об, Меҳргон ба тирамоҳ ва рӯшноии осмон иртибот дорад. Ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддас пайванд буда, аз ҷаҳонбинии амиқи ниёгон дарак медиҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада (соли 2025) таъкид намуданд, ки «ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст. Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад». Ҷашни Сада аз замони пайдоиш аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ дошта, ба омодагӣ барои киштукори баҳорӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон мусоидат менамояд. Бо ҳамин сабаб кишоварзон ин ойини бостониро бештар гиромӣ медоранд. Кишоварзони мо дар ин айём ба омодасозии тухмии хушсифати зироат ва ниҳолҳо, иҷрои корҳои яхобмонӣ, тоза намудани ҷӯйборҳо, ба тартиб овардани дарахтон ва дигар тадбирҳои зарурӣ машғул шуда, барои киштукори баҳорӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб рафта, рушди мунтазами он яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин соҳа ҳамчун бахши муҳими иқтисоди миллӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, беҳбуди вазъи иқтисодии мардум ва рушди устувори соҳаҳои дигар нақши калидӣ дорад. Шароити мураккаби ҷаҳони муосир, аз ҷумла таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳонӣ, канда шудани занҷираҳои анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои манфии он — хушксолии пайдарпай ва камобӣ моро водор месозанд, ки ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва рушди маҷмааҳои агросаноатӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем. Ин тадбирҳо роҳи асосии таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Ташаккули соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил, ҷорӣ намудани шаклҳои нави инноватсионии хоҷагидорӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, ташкили корхонаҳои коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рушди устувори соҳаҳои дигар мусоидат менамояд.

Маҳз таҷлили ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун муаррифи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ хизмат мекунад. Дар доираи ин ҷашнҳо натиҷаҳои боғу токпарварӣ, ниҳолпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва тухмипарварӣ ба намоиш гузошта шуда, маҳсулоти истеҳсолгардидаи соҳа ва техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзӣ пешниҳод мегарданд. Ҳамзамон маслиҳату тавсияҳои олимону мутахассисони соҳа, намоиши адабиёт ва дастурҳои илмӣ-оммавӣ, паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ байни хоҷагидорон ва деҳқонони ҷумҳурӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва шиносоии мардум бо технологияҳои муосири соҳа амалӣ карда мешаванд. Ҳадафи асосии таҷлили ин ҷашнҳо нигоҳдорӣ ва рушди анъанаҳои қадимии кишоварзӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба онҳо, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба фарҳанги бостонии ниёгон, сабақбардорӣ аз арзишҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагон ва ҳифзу эҳёи мероси муқаддаси аҷдодӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Кишоварзони меҳнатдӯсти мо бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2025 дар 843,6 ҳазор гектар зироат кишт намуданд. Аз ҷумла, зироати ғалладонагӣ 375,7 ҳазор гектар, зироати техникӣ 198,2 ҳазор гектар, картошка 64,3 ҳазор гектар, сабзавот 69,7 ҳазор гектар, сабзавоти тухмӣ 158 гектар, полезӣ 23,2 ҳазор гектар ва зироати хӯроки чорво 112,4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Сарфи назар аз таъсири омилҳои иқлимӣ ва пайомадҳои буҳрони ҷаҳонӣ дар натиҷаи татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат соҳаи кишоварзӣ ба заминаи боэътимоди таъмини амнияти озуқаворӣ ва омили муҳими рушди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ табдил ёфтааст. Тибқи маълумот, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2024  9,5 фоиз афзоишро нишон медиҳад. Дар ин давра кишоварзони мамлакат 1740,5 ҳазор тонна ғалладона, 392 ҳазор тонна пахта, 1332,5 ҳазор тонна картошка, 3377,9 ҳазор тонна сабзавот, 1254,4 ҳазор тонна зироати полезӣ, 954,3 ҳазор тонна меваҷот, 346,1 ҳазор тонна ангур, 454,3 ҳазор тонна гӯшт, 1206,7 ҳазор тонна шир, 1419,3 миллион дона тухм ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал истеҳсол намуда, ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод карданд.

Ҳамзамон дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, аз ҷумҳурӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ 190 508 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 79,2 миллион доллари амрикоӣ содирот гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи ҳаҷм 13,5 фоиз (22 683 тонна) ва аз рӯи маблағ 39,7 фоиз (22,5 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Кишоварзонро зарур аст, ки дар баробари дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар оянда таъмини дурнамои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва устувор нигоҳ доштани амнияти озуқавории ҷумҳуриро бо меҳнати софдилонаю содиқона таъмин намоянд.

Лоиқ ТУЙЧИЗОДА,
сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 30, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»