«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд

Январь 31, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 31.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷалби намоянадагони корпуси дипломатӣ, сайёҳону меҳмонони хориҷӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» ройгон ташкил карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар доираи хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имкониятҳои сайёҳии пойтахт ва моҳияти Ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.

Хатсайри сайёҳӣ аз назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, то ба Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ – макони таҷлили Ҷашни Сада идома ёфт.

Иштирокчиён — меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар доираи хатсайр аз намоиши навъҳои гуногуни тухмии зироати кишоварзӣ ва техникаҳои соҳавӣ, гулу буттаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, анвои меваҳои хушк ва шириниҳо ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, дидан намуданд.

«Ҳадаф аз ташкили хатсайри сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Сада арзёбӣ мегардад», — таъкид намуданд дар шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт.

Бояд тазаккур дод, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ маҳз дар ҳамин гуна ҷашнҳои миллӣ, бахусус ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо урфу одат, расму оин, ҳунарҳои қадимаи дастӣ ва таомҳои миллии тоҷикон аз наздик шинос мешаванд. Ин ҷашнҳо дар муаррифии таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик, тарғиби имконияти сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахти он ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ нақши арзанда мегузоранд.

 

АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/Dushanbe-travel

Январь 31, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад