«САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ». Дар ноҳияи Варзоб ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид

Январь 17, 2026 12:00

ВАРЗОБ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар теппаҳои деҳаи Беғарии Ҷамоати деҳоти Қалъаи ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи асосии Душанбе-Чанок таҳти унвони «Сарсабзии Ватан мароми мост» ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  хабар медиҳад.

Дар ин маъракаи сабзу хуррамгардонӣ роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва сокинони ноҳияи Варзоб фаъолона иштирок карда, зиёда аз 700 бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинониданд.

Зимни ниҳолшинонӣ иброз гардид, ки ниҳолшинонӣ ҷузъе аз барномаҳои ободонӣ ва сабзгардонии мамлакат буда, чунин иқдом на танҳо ба зебоии ноҳия ва беҳбуди муҳити зист мусоидат мекунад, балки фарҳанги ниҳолшинонӣ ва муҳаббат нисбат ба табиатро дар байни аҳолӣ, махсусан насли ҷавон тақвият мебахшад.

Дар раванди татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи асосии Душанбе-Чанок бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия пайваста ҳашари ниҳолшинонӣ  гузаронида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Январь 17, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд