СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он

Январь 3, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро дар шароити тағйирёбандаи низоми байналмилалӣ муайян менамояд. Бо назардошти шиддат гирифтани рақобати геополитикӣ, буҳронҳои минтақавӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ сиёсати хориҷӣ ба яке аз фишангҳои асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил ёфтааст.

– Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он Тоҷикистон омода аст бо ҳама кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории мутақобили судманд густариш диҳад.

Давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати мутавозин ва бисёрсамтиро пеш мебарад, ки он имкон медиҳад бо давлатҳои гуногун, новобаста аз тафовути манфиатҳо ҳамкории созанда ба роҳ монда шавад.

Санади муайянкунандаи сиёсати хориҷӣ — Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2015 қабул гардид. Бинобар умқи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гаштани вазъи байналмилалӣ зарурати муайян намудани афзалияти сиёсати хориҷӣ, андешидани тадбирҳои мутаносиб барои имкони вокуниш ба тамоюлҳои муосир, истифодаи фурсатҳои баамаломада ва дар маҷмуъ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини шароити волои зиндагӣ барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда мешавад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 устувории арзишҳои сиёсати хориҷии мамлакатро бар пояи принсипҳои ҳифзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат, пешбурди сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, мутавозин ва бисёрсамтӣ, авлавият додан ба манфиатҳои миллӣ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид менамояд.

Ин принсипҳо идомаи мантиқии консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мутобиқшавии он ба воқеияти нави байналмилалиро инъикос менамоянд.

Бояд таъкид кард, ки махсусияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои соҳавӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷанбаҳои зеринро инъикос менамояд.

  Афзалияти самти минтақавӣ дар сиёсати хориҷӣ

         Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба Осиёи Марказӣ ҳамчун фазои калидии манфиатҳои стратегии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими сиёсати хориҷии мамлакат дар Осиёи Марказӣ ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин шартнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозанд.

 Дастовардҳои дипломатияи ташаббускоронаи фарҳангӣ

         Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ барои амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.

12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Бо ташаббуси дигари мамлакати мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.

Илова бар ин ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.

Инчунин 12 декабри соли 2025 бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.

Зарурати таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба барои таъмини амният ва субот

         Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 рушди муносибатҳои дуҷониба бо давлатҳои шарик ва қудратҳои ҷаҳонӣ барои ҳамоҳангии амал дар мубориза бо хатарҳои муосир ва таъмини амният яке аз афзалияти сиёсати хориҷӣ арзёбӣ гардид.

Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно боиси нигаронӣ боқӣ мемонанд.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ таъкид намуданд, ки зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, «итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».

Ҳамин тариқ, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 сиёсати хориҷӣ ҳамчун фишанги стратегии таъмини амнияти миллӣ, рушди устувор ва таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Усули мутавозин, бисёрсамтӣ, сулҳҷӯёна ва фаъол ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар шароити мураккаби геополитикии муосир манфиатҳои ҳаётан муҳими худро ҳифз ва роҳандозӣ намуда, барои муаррифии миллати худ дар арсаи баналмилалӣ фаъолият кунад.

Амриддин ШАРИПОВ,
мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 3, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг моҳҳои январ-феврал аст
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026