Сокинони шаҳри Ҳисор ҷашни Садаро ботантана таҷлил намуданд

Январь 29, 2026 18:00

ҲИСОР, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар назди Амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор бо иштироки доираи васеи меҳмонону  сокинон ва кишоварзон чорабинии пуршукуҳи ҷашни Сада  баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода  иттилоъ дод.

Бо ташаббуси кормандони Раёсати кишоварзӣ бахшида ба ҷашни Сада дар кӯчаи ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов намоиши намунаи техника ва механизмҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маснуоти оҳангарӣ ва намудҳои гуногуни хӯрокҳои  миллӣ, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ доир  карда шуд.

Зимни ҳамоиш Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар бораи ҷашни Сада, таърихи пайдоиш, моҳият, ҳадафҳо ва нақши бузурги он дар рӯзгори ҳазорсолаи мардуми тоҷик сухан гуфт. Иброз гардид, ки Сада бо таърихи қадимӣ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва аҷдодонамон маҳсуб шуда, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил менамуданд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаю суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо аз нав эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуд. Имрӯз Сада ба муҳимтарин ҷашни миллӣ табдил ёфтаю  ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо маҳсуб мешавад.

Таҷлили ҷашнҳои бошукуҳи умумимиллӣ нишонаи ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории мардуми диёр аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон чун рамзи меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ба эҳёи ҷашну маросими миллии бостонӣ маънидод мегардад.

Дар ҷамъомади тантанавӣ як зумра фаъолони соҳаи кишоварзӣ ва собиқадорони соҳа, ки дар рушди соҳаи кишоварзии шаҳр ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзишманд гузоштаанд, бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 29, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада