ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 январ, душанбе, 12-умин рӯзи соли 2026 аст
12 январи соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф маҷмуи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
***
12 январи соли 2009 воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки бино ба маълумоти расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 470 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд.
12 ЯНВАР:
Дар Русия — Рӯзи прокуратура.
***
Дар Танзания – Рӯзи инқилоби Занзибарӣ.
***
Дар Туркманистон – Рӯзи хотирот.
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии ҷавонон.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2019 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аз шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ маҳаллаи ҳунармандӣ бо дӯконҳои он ёфт гардид.
***
12 январи соли 2012 Ассотсиатсияи «Клуби иқтисодии олимони Авруосиё» дар сомонаи www.group-global.org шабакаи зеҳниро дар қолаби сомонаи муоширатии G-Global фаъол намуд.
***
12 январи соли 2016 ҳамлагари аргентинагии дастаи «Барселона»-и Испания Лионел Мессӣ барандаи «Тӯби тиллоӣ»-и Федератсияи байналмилалии футбол гардид. Маросими супоридани ҷоизаи «Беҳтарин футболбози соли 2015» дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор гардид.
***
75 сол муқаддам, 12 январи соли 1951 Конвенсия дар бораи огоҳ намудани ҷиноятҳои генотсидӣ (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ) ва ҷазо ба он, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 9 декабри соли 1948 қабул намуд, ба ҳукми амал даромад.
***
Дар ин рӯзи соли 1953 Ассамблеяи миллии Югославия Конститутсияи нав қабул намуд.
***
12 январи соли 1953 дар Эдмонтон (Канада) биржаи пулӣ кушода шуд.
***
Соли 1999 барои нархи тӯби бейсбол рекорд гузошта шуд — он дар музоядаи Ню-Йорк бо арзиши 3 миллиону 54 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 январ, якшанбе, 11-умин рӯзи соли 2026 аст






