ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 январ, сешанбе, 13-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 13, 2026 08:00

10 сол пеш, 13 январи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли ҷавонон» эълон намудани соли 2017 фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки мувофиқи он дар баробари Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба дигар бонкҳо, ба монанди «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Бонки Эсхата» ҳуқуқи фурӯши саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» дода шуд.

13 ЯНВАР:

Дар Того — Рӯзи озодӣ.

***

Рӯзи матбуоти Русия.

***

Дар Литва — Рӯзи ҳимоятгарони озодӣ.

РӮЙДОДҲО:

13 январи соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисодӣ»-ро баррасӣ намуд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2020 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар Маҷмаи Умумии  Созмони Милали Муттаҳид ҳафт давлат аз ҳуқуқи овоздиҳӣ  маҳрум шуданд, чунки  ҳаҷми қарзи онҳо давоми ду соли охир аз пардохт афзунтар шудааст. Ин давлатҳо Венесуэла, Гамбия, Яман, Лесото, Лубнон, Тонга ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ мебошанд.

***

16 сол пеш, 13 январи соли 2010 дар Ню-Йорк ҷаласаи Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 дар Париж Конвенсия дар бораи манъ намудани коркард, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи яроқи химиявӣ ва нобуд кардани он қабул карда шуд.

***

13 январи соли 2000 бойтарин шахси ҷаҳон Билл Гейтс аз роҳбарии ширкати «Майкрософт» канор рафта, ин вазифаро ба зиммаи Стив Болмер гузошт.

***

Соли 1703 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи «Ведомости» нашр шуд. 

Январь 13, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш