ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 январ, чоршанбе, 14-умин рӯзи соли 2026 аст
14 январи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.
***
13 сол пеш, 14 январи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду мамлакат барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Парижи Фаронса маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) баргузор гардид.
14 ЯНВАР:
Рӯзи ҷаҳонии мантиқ
***
Дар Узбекистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан
***
Дар Тунис – Рӯзи инқилоб ва ҷавонон.
РӮЙДОДҲО:
14 январи соли 1993 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.
***
14 январи соли 2022 филми коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзов таҳти унвони «Қатли рӯбоҳ» дар Фестивали байналмилалии Голливуд («Hollywood Gold Awards») сазовори ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид.
***
9 сол пеш, 14 январи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти Оркестри асбобҳои мусиқии миллии вилояти Гуандуни Чин баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 байни Озарбойҷон ва Туркия санад дар бораи барқарор намудани муносиботи дипломатӣ ба имзо расид.
***
14 январи соли 1907 заминҷунбии шадид қисми зиёди шаҳри Кингстони Ямайкаро нобуд кард, ки дар натиҷа 1400 нафар ба ҳалокат расид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 январ, сешанбе, 13-умин рӯзи соли 2026 аст






