ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, панҷшанбе, 15-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 15, 2026 08:00

15 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуданд.

***

13 сол пеш, 15  январи соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ таъмин карда шавад.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз  нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

***

15 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

15 ЯНВАР:

Рӯзи эътирофи байналмилалии Хорватия.

***

Дар Нигерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ва Рӯзи хотирот.

РӮЙДОДҲО:

15 январи соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ-клуби футболи «Вахш»-и Қурғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти «Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика» ба шаҳри Москваи Русия сафар кард.

***

Дар ин рӯзи соли  1941 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии «Хоруғ» ба истифода дода шуд.

***

15 январи соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия  дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

***

15 январи соли 1974 дар Юнон Конститутсияи соли 1952 барқарор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 «Википедия»- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.

***

15 январи соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлолияти Судони Ҷанубӣ,   ки 9 январ оғоз гардида буд, ба охир расид.

***

 Соли 1826 дар Париж аввалин шумораи рӯзномаи «LeFigaro» нашр шуд.

***

Соли 1892 омӯзгори канадагӣ-амрикоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти COVID-19 парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон барқарор гардиданд

Январь 15, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш