ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 январ, шанбе, 17-умин рӯзи соли 2026 аст
17 январи соли 2025 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда шуданд.
***
17 январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.
***
17 январ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
***
15 сол пеш, 17 январи соли 2011 сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон (http://tajembaz.tj/) фаъол гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва аввалин бор дар ин сол ҷаласаи Комиссияи ҳамкории иқтисодии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҷаласаро намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия, Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ роҳбарӣ намуд.
17 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон.
РӮЙДОДҲО:
17 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро тасдиқ карданд.
***
17 январи соли 2020 Парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи бунёди панҷ мактаби таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дастаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев дар доираи мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод», ки аз 16 то 26 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, бо дастаи Қазоқистон вохӯрӣ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1950 Ҳизби коммунистии Боливия таъсис дода шуд.
***
17 январи соли 1995 дар шаҳри Кобеи Ҷопон дар пайи зилзилаи шадид зиёда аз 6 ҳазору 400 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази коркарди миллӣ кушода шуд.
***
Соли 2017 дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ» ифтитоҳ гардид.
***
Соли 2022 зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» муаррифӣ гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Розия Озод (1893-1957) — шоир, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 январ, ҷумъа, 16-умин рӯзи соли 2026 аст






