ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 январ, якшанбе, 18-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 18, 2026 08:00

18 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро  баррасӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 18 январи соли 2017  дар  шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда шуданд.

***

18 январи соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) гардид.

18 ЯНВАР:

Дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

18 январи соли 1999 Радиои «Садои Душанбе» ба фаъолият оғоз кард.

***

18 январи соли 2010 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмони ҳамкории Шанхай ва лоиҳаи низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

***

15 сол пеш, 18 январи соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи тафтишотӣ оид ба мутобиқкунии лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти  омода намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

66 сол муқаддам, 18 январи соли 1960 аввалин маротиба ҳавопаймои Ил-118 аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба шаҳри Қоҳираи  Миср парвози бетаваққуф анҷом дод.

***

18 январи соли 1964 табибони амрикоӣ аз конгресс даъват  оварданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор  намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатари он ба саломатӣ нависанд.

***

Соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

***

Соли 1925 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи «Новый мир» («Ҷаҳони нав») нашр шуд.

Январь 18, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш