ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 январ, душанбе, 19-умин рӯзи соли 2026 аст
19 январи соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.
***
13 сол пеш, 19 январи соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
19 ЯНВАР:
Дар Беларус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.
РӮЙДОДҲО:
19 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1903 дар Фаронса дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — «Тур де Франс» эълон ба нашр расид.
***
19 январи соли 1992 99 фоизи аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.
***
Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.
***
Соли 2016 дар Ҷопон дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра Ясутаро Коидэ вафот кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 донишҷӯёни ансамбли созҳои халқии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни III байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ таҳти унвони «УРАЛ–ИЛЕ», ки дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия доир шуд, соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
***
19 январи соли 2021 дар вилояти Хатлон нашрияи махсус таҳти унвони «Ғунчаҳои Хатлон» барои кӯдакону наврасон таъсис дода шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 январ, якшанбе, 18-умин рӯзи соли 2026 аст






