ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, ҷумъа, 2-юмин рӯзи соли 2026 аст

Январь 2, 2026 08:00

2 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ва «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро имзо намуданд.

***

2 январи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

***

2 январи соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонун ба имзо расид.

***

2 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд,  имзо гузоштанд.

2 ЯНВАР:

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи миллии муъҷизаҳои илмӣ.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 1925 дар ҳайати Тоҷикистони Шуравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.

***

2 январи соли 2018  Тоҷикистон дар раддабандии нави Созмони байналмилалии «British Backpacker Society» оид ба имконоти сайёҳӣ ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуд.

***

Соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид.

***

2 январи соли 1968 дар Африқои Ҷанубӣ дуюмин маротиба дар ҷаҳон ҷарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани дил анҷом дода шуд.

***

2 январи соли 1921 Ҳизби коммунистии Люксембург таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1961 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносиботи дипломатияшро бо Куба бекор кард.

***

2 январи соли 1992 Қазоқистон ба ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дохил шуд.

***

Соли 1959 аввалин стансияи автоматӣ- байнисайёравии «Луна-1» ба кайҳон бароварда шуд.

ДАР ИН РӮЗ  ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Нуқра Раҳматова-соли  1942 -Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

Январь 2, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш