ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 январ, панҷшанбе, 22-юмин рӯзи соли 2026 аст
22 январи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тасдиқ намуданд.
***
12 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Дания таҳти сарварии аъзои Кумита оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед масоили дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ карда шуд.
***
22 январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
22 ЯНВАР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
***
Дар Лаҳистон- Рӯзи бобо.
РӮЙДОДҲО:
22 январи соли 2025 дар шаҳри Минск ҷаласаи нахустини Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
22 январи соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро «Ҷамъияти пушкинӣ»- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шурои ҳамватанони русиягии Тоҷикистон баргузор намуд.
***
22 январи соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.
***
12 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии сайёҳӣ («FITUR») – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
22 январи соли 2002 шумораи муштариёни ширкати «Мегафон» ба як миллион нафар баробар шуд.
***
Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муҳокима шуд.
***
Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 январ, чоршанбе, 21-умин рӯзи соли 2026 аст






