ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 январ, якшанбе, 25-умин рӯзи соли 2026 аст
25 январи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
25 январи соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фармон ба имзо расониданд.
***
15 сол пеш, 25 январи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.
25 ЯНВАР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
РӮЙДОДҲО:
25 январи соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
25 январи соли 2021 дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд. Корхона дар як шабонарӯз то як тонна партовҳои полиэтилениро коркард менамояд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 2 нафар тоҷиконро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.
***
10 сол пеш, 25 январи соли 2016 дар Амстердам Маркази Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.
***
25 январи соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид.
***
Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи «Лайлӣ ва Маҷнун» доир гардид.
***
Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони амрикоии «Эмми» гузаронида шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 январ, шанбе, 24-умин рӯзи соли 2026 аст






