ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 январ, шанбе, 3-юмин рӯзи соли 2026 аст
3 январи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тасдиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» фармон ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши дар назди Калисои Қиддисини вилояти Искандария рухдода ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак барқияи таъзия ирсол карда, ба наздикон ва хешу таборони қурбоншудагон арзи тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд.
***
3 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои тандурустӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи зотпарварӣ ва тухмипарварӣ аз ин ҷумла буданд.
3 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии саломатии руҳ ва ҷисм
***
Дар Эстония – Рӯзи ёдбуди ҷанговарони муҳорибаҳои озодкунӣ.
***
Дар Аргентина — Рӯзи карнавал.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба имзо расид.
***
3 январи соли 1977 Фонди байналмилалии асъор ба Британияи Кабир дар ҳаҷми 3,9 миллиард фунт стерлинг заём дод.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 байни Қазоқистон ва Чин муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.
***
3 январи соли 2006 дар Озарбойҷон пули нав ба муомилот бароварда шуд.
***
3 январи соли 1977 аввалин компютери ширкати Apple истеҳсол гардид.
***
Соли 1989 рӯзномаи «Известия» (Русия) аввалин маротиба рекламаи тиҷоратӣ нашр намуд.
***
3 январи соли 2023 футболбози машҳур Пелеро дар бузургтарин қабристони амудии ҷаҳон дар Бразилия ба хок супурданд. 2 декабр мухлисони ин футболбоз дар варзишгоҳи дастаи «Сантос»-и иёлати Сан-Паулу бо қаҳрамони фавқулодаи футболи ҷаҳон видоъ карданд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, ҷумъа, 2-юмин рӯзи соли 2026 аст






